Оғози даъвати баҳории шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ
Душанбе, 4.04.2016 /АМИТ «Ховар»/. Аз 1-уми апрели соли 2016 дар ҳама шаҳру навоҳии мамлакат даъвати баҳории шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ оғоз гардид. Тавре ки аз Вазорати мудофиа иттилоъ доданд, бо Фармони Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1989-1998 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ ва тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи ӯҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ оғоз шуд.
Бо мақсади дар сатҳу сифати хуб ташкилу ба роҳ мондани даъвату гусели ҷавонписарон ба хизмати ҳарбӣ қабл аз оғози ин чорабинии муҳими сиёсӣ дар Вазорати мудофиа бо иштироки сардори Раёсати мудофиа ва тартиботи ҳуқуқии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон — иҷрокунандаи уҳдадории раиси комиссияи даъватии ҷумҳуриявӣ Файзуллозода Шараф Ҷаббор дар пойгоҳи Донишкадаи ҳарбӣ бо ширкати вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Мирзо, сардорони раёсату хадамоти дахлдори Вазорати мудофиа ва Ситоди генералӣ дар вилоятҳо ва шаҳру наҳияҳо ҷамъомадҳо ва чорабиниҳои пешаздаъватӣ баргузор гардиданд.
Зимни он дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба даъвати навбатии шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ тамоми масъулин — сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ, роҳбарони раёсату хадамоти дахлдори Вазорати мудофиа, амният, мақомоти корҳои дохилӣ, масъулини мақомоти прокурорӣ, намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, кормандони Вазорати тандурустӣ, сохторҳои қудратии мамлакат, комиссарони ҳарбӣ ва дигар масъулини мақомоти вобастаи давлатии даъват бо супоришҳои мушаххас вазифадор гардиданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе






