Оғози фаъолияти мактаби № 10 дар деҳаи Чашмаи ҷамоати деҳоти Дӯконии шаҳри Норак
Душанбе, 27.04.2016. /АМИТ «Ховар»/. Субҳи имрӯз Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Нораки вилояти Хатлон омад.
Дар шаҳри Норак Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст дар расми мавриди истифода қарор додани Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 10 дар деҳаи Чашмаи ҷамоати деҳоти Дӯконӣ иштирок карда, бо буридани лентаи рамзӣ расман ба фаъолияти мактаби нав оғоз бахшид.
Мактаб бо харҷи 2 миллион сомонӣ аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Муҳиддин Табаров бунёд гардида, аз ду ошёна ва 14 синфхонаи таълимӣ иборат аст. Дар ин муассисаи таълимии навбунёд 240 нафар толибилм дар як баст ба таълим фаро гирифта шуда, синфхонаҳои барҳавои омӯзиши забонҳои хориҷӣ, маркази ҳунаромӯзии духтарон, синфхонаи компютерӣ, толори маҷлисгоҳ ва ошхонаи замонавӣ дорад.
Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ аз сифати корҳои сохтмонӣ ва имконоту шароити таълимии мактаб изҳори қаноатмандӣ намуда, аз амали неки соҳибкор Муҳиддин Табаров барои саҳмгузории фаъол дар раванди бунёдкорию ободонӣ ситоиш кард.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар синфхонаҳои алоҳида ва маркази технологии ҳунаромӯзии мактаб аз хонандагон даъват ба амал овард, ки бо рафтору кирдори намунавӣ таҳсил карда, дар омӯзиши забонҳои хориҷӣ, азхуднамоии технологияҳои компютерӣ ва касбу ҳунаромӯзӣ фаъол бошанд.
Таъкид кардан ба маврид аст, ки ҳар амали бунёдкоронаю созандаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат ҷонибдории амиқ пайдо карда, ҳаммаром бо ин пешрафту тараққиёти соҳаҳои гуногун таъмин карда мешавад. Бо бунёди мактаби нав дар деҳаи Чашма роҳҳои маҳаллӣ ва кӯчаю гузаргоҳҳои деҳа низ навсозию мумфарш ва ободу зебо шуда заминаҳои мусоиди пешбурди зиндагии беҳтари сокинон муҳайё гардидаанд.
























Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Подшоҳи Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Абдуллоҳи II ибни Ал-Ҳусайн мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи «Раванди Ақаба» оид ба масъалаҳои таъмини амният дар соҳаи зеҳни сунъӣ иштирок намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Конститутсия
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон шуданд
Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон
Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тағйироти кадрӣ ба амал оварданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд






