Омодагӣ ба раъйпурсии умумихалқӣ

Апрель 25, 2016 17:40

Хоруғ, 25.04.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар 13 участкаи интихоботии  шаҳри Хоруғи ВМКБ  омодагӣ ба раъйпурсии умумихалқӣ оид ба тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумуҳурии Тоҷикистон бо низоми муайян идома дорад. Раиси  комиссияи ҳавзавӣ Арамбегим Маҳтобшоева гуфт, ки мутобиқ ба муқаррароти комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ дар тамоми участкаҳо шароити мусоиди овоздиҳӣ фароҳам оварда шудааст. Рӯйхати интихобкунандагон тартиб дода шуда, дар аксарияти участкаҳо кабина ва қуттиҳои овоздиҳӣ муҳайё мебошанд. Барои онҳое, ки бори аввал дар чунин маъракаи муҳими сиёсӣ ширкат меварзанд, гӯшаи махсус бо номи «Ман бори аввал овоз медиҳам» ташкил шуда, он бо маводи зарурӣ, дастуру варақаҳои тарғиботӣ таъмин гардид.
Ҳамчунин бо ширкати интихобкунандагони ҷавон, котибони участкаҳои раъйпурсӣ, ҳуқуқшиносон машварати дастурдиҳӣ баргузор гардид, ки дар он бори дигар вазъи омодагӣ ба ин маъракаи муҳим дар участкаҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуд ва барои дар сатҳи зарурӣ баргузор кардани раъйпурсӣ таклифу дархостҳои судманд пешниҳод карда шуданд.

Апрель 25, 2016 17:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид