Ҷонибдорони салафия ва дигар равияҳои исломӣ назди Худо гунаҳгоранд

Апрель 19, 2016 17:13

Душанбе, 19.04.2016. /АМИТ «Ховар»/. Салафия як гурӯҳи диниест, ки аъзои он худро «пайравони салафи солеҳ» медонанд ва номашон низ аз ҳамин гирифта шудааст. Дар амал ва эътиқодоти худ гӯё аз Паёмбар пайравӣ мекунанд. Дар хусуси пайдоиши ҷараёни мазкур ва бунёдгузори ин гурӯҳ фикрҳои гуногун вуҷуд доранд. Бино ба назари баъзе аз олимони ислом, салафиҳо ҳамон хавориҷ мебошанд ва бархе аз соҳибназарон бар инанд, ки англисҳо дар замони истеъмори Ховари Миёна инҳоро ҳамчун олат барои аҳдофи истеъмории худ эҷод карданд.

Салафигароӣ танҳо ду рукни асосӣ дорад: якум, бозгашт ба шеваи зиндагӣдар аҳди салафи солеҳ ва дувум, мубориза бо бидъат, яъне ҳар навъовари дар Ислом, ба назари эшон, хилофи суннат аст.Салафиҳо ба шакли зоҳирии ҳаёти диниашон аҳамият медиҳанд ва зоҳиран афроди дигарро маҳкум мекунанд. Вале дар ҷода аз доираи суннати Паёмбар ва асҳобашон, бо шеваи тунду ифротӣ  берун мебароянд.

Дар қарни XXI, замони пешравӣ дар соҳаҳои гуногун, салафиҳо дар тамоми олам ба таблиғи чунин афкори ифротии худ машғуланд  ва   таблиғи онҳо боиси нооромии кишварҳо гаштааст. Олимони Ислом аъзои созмони мазкурро ба ду гурӯҳ ҷудо мекунанд: ҷиҳодӣ ва сиёсӣ. Ҳаводорони ташкилоти салафия вобаста ба вазъи кишвар нақши худро иваз мекунанд. Кишваре, ки ноором ҳаст, дар он минтақа «ҷиҳод барои онҳо фарз» мешвад, то ин кишвар аз рӯи харита нест гардад. Кишваре, ки  мардумаш дар сулҳу оромӣ ба сар мебаранд, салафиҳо аҳолиашонро муртаду ҳукуматашонро кофир эълон мекунанд ва ҳамаҷаҳду кӯшишашон барои он аст, ки ин кишварҳоро низ ноором созанд, «ҷиҳод» карда, ба «ҷаннат» раванд.

Вале оё ба ҷаннат мераванд?

Доир ба пайдоиши гурӯҳи тундрави такфирии «салафӣ» назарҳои гуногун мавҷуданд.

Ибни Таймия, ки дар қарни 13-14 зиндагӣ кардааст, мубтакир ва бунёнгузори назарии ваҳобия ва салафия мебошад. Дар мавриди афкору назари саҳеҳ доштани Ибн Таймия ихтилофҳост, бархе аз уламо ӯро ҳамчун «шайхулислом» эътироф мекунанд, вале Муҳаммад Бухорӣ (асри XIV) дар истифодаи ин унвони нисбати ӯ эҳзор медорад: «Ҳар кас ба Ибн Таймия шайхулислом бигӯяд, кофир аст».

Ибни Таймия ба хотири ақоидаш, ки сахт бо мазоҳиби исломӣ дар таъоруз буд, аз Димишқ хориҷ мешавад. Уламои динии Мадина ва Макка аз ӯ ибрози бароат карда, ӯро ба ин шаҳрҳо мамнуъулвуруд эълон менамоянд. Сабаби ин ҳама зиддият нисбат ба Ибни Таймия -ин назарҳои тунду андешаҳои манфӣ, афкори ифротию хилофи уламои он замон ва ба назари бархе аз уламо-хилофи Қуръону ҳадис будани ақидаҳои ӯст. Сабкӣ дар китобаш (Табақот аш-Шофиъияҳ) менависад: «Ӯ (Ибни Таймия) дар кӯшиши пайравӣ аз китоб ва суннат дар аъқоиди Ислом бидъат гузошт ва аркони исломро дарҳам шикаст».

Муҳаммад ибни Абдулваҳоб, асосгузори фикри ваҳобия мебошад, ки дар қарни XVIII дар Ҳиҷоз ба дунё омадааст. Ӯ аз хурдӣ бо фикру ақидаи хилофи китобу суннат доштанаш ном мебарорад. То ҷое ки маҷбур шуда, аз шаҳри падариаш фирор мекунад. Вале Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб сарпарастиро дар шаҳри Наҷд меёбад. Ҳокими Наҷд бо фатвои ибни Абдулваҳҳоб шаҳру навоҳии атрофи Наҷдро ғорат карда, мардуми мусалмонро қатл мекард ва ин ҳама амалҳои зишти зиддиинсониро дар зери ниқоби «ҷиҳод»-у «ғазва» ба ҷо меовард.

Идиалогияи салафиҳо илҳомбахши бисёре аз гурӯҳҳои мусаллаҳи терористӣ, мисли ДОИШ, Ал-Қоида ва Толибон аст. Ин гурӯҳҳо хушунат ва зӯровариро барои  аҳдофи худ сармашқ мешуморанд. Салафиҳо матнҳои исломӣ ва таърихиро аз нав тафсир намуда, дар аҳдофи сиёсию ваҳшонии худ истифода мебаранд. Салафия ислоҳи сиёсиро барои эҳёи ҷомеаи исломӣ зарур шуморида, «пок» кардани ҷомеаи исломиро аз рафторҳои «ғайриисломӣ»ҳадафи худ медонад.

Тарафдорони гурӯҳи салафия бо шиддату ифротӣ буданашон машҳуранд.  Дар мавзӯъҳои ҳассоси динӣ, дар ҳоле, ки танҳо муассисаҳои динӣ ҳаққи ҳукму фатво доранд, ҳукм мекунанду фатво мебароранд. Фардҳое, ки худашонро салафӣ медонанд, ҳатто саводи хондану навиштани забони модарӣ ё забони давлатиро надоранд. Шахсе, ки аз диди онҳо берун фикр кунад, кофираш мехонанд.

Салафиҳо зоҳиран танҳо бо чанд адади маҳдуди ояту ҳадис ҳукм мекунанд, ҳол он  6236 ояти қуръонӣ ва зиёда аз 6 китоби ҳадиси саҳеҳе, ки ҳар яке 6000 ҳадис дорад, мавҷуд аст.

Салафиҳо дар ҳар як кишваре, ки пой гузоштанд, сабаби фитнаю нооромӣ мешаванд. Дар кишварҳое, ки мардум тобеъи мазҳабҳои чоргона ҳастанд (ки аксари мардуми мусалмон ба яке аз ин мазҳабҳо пайрави доранд), тобеъият ба мазҳабро рад мекунанд ва мардумро ба пайрави накардан ба мазҳаб ташвиқменамояд, ки сабаби муноқашаю ҷаддалҳо ва фитнаю бесарусомонӣ байни бародарони мусулмон мешавад. Дар кишварҳое, ки вазъи иқтисодиашон заиф аст, аз тариқи кумакҳои молӣ мардумро ба сафҳои худ ҷалб месозанд.

Имрӯз олами ислом ғарқи мушкилот аст. Дар раддабандиҳо аксари кишварҳои исломӣ чӣ дар таълим, чӣ дар вазъи зиндагии мардум, чӣ дар иқтисод, чӣ дар амну чӣ дар сатҳи шаффоф амал кардани муассисаҳо дар зинаи паст қарор доранд.

Аз аввали пайдоиши Ислом душманҳои дохилию берунӣ ҳеҷ вақт аз ғаразҳои ғайриинсонии зидди мусалмонон даст накашиданд. Ҳуҷуми салибдорону муғулҳо ва истеъмори кишварҳои империалистӣ зарбаҳои сахте буданд барои мусалмонон, вале ҳар бор олами ислом бапо мехест. Аммо баъди қарни XVIII аз даври истеъмор то ҳол, мусалмонон ба вабои сахте мубтало шудаанд. Сабабҳо бисёранд, лекин аз ҳама сабаби асосӣ ин сабаби дохилӣ аст. Ҳар боре ки кӯшиши эҳё ва пешрафт мешавад, аз байни мардуми мусалмон шахс ва ё гурӯҳе монеъи ин мегардад. Замони пайдоиши салафия ба замони озод шудани кишварҳои исломӣ аз истеъмор ва сохтани давлату ҳукумат рост меояд. Ҳар боре, ки хатар аз берун меояд, фитнае аз дарун ӯро ҳамроҳӣ мекунад. Ибни Таймия дар замони истилои муғул ва Муҳаммад ибн Абдулваҳоб дар замони истеъмор ва хурӯҷи салафиҳо аз қабили чунин мисолҳо мебошанд. Вақте ки давлат, мардум ва  ҷомеа бояд идора ва муассисаҳои кишварашро созад ва мушкилоти иқтисодию иҷтимоиро ҳал кунад, салафиҳо бо фикру ақидаи ифротию  пасмонда монеъ мешаванд. Ва натиҷааш аён ҳаст.

Ба чунин шакл таъсир доштани салафиҳо ба ҷомеа аз сатҳи нокифояи маърифати динии оммаи халқ аст ва сарпарастони қавӣ доштани салафиҳо омили дигарест. Мисоли он, ки дар сатҳи паст карор доштани маърифату фарҳанги мардуми шаҳри Наҷд ва сарпараст доштани Абдулваҳҳоб як вақтҳо  сабаби паҳншавии ақидаи ӯ ва ноором гардидани олами ислом шуда буд.

Зарари салафияҳо бар ислому инсоният аён аст. Гурӯҳҳои терористие, ки бо номи Боко Ҳарам, ДОИШ, Ал-Қоида, Толибон ва ғайра имрӯз амал мекунанд, ки маншаи идеологиашон салафия аст.

Хатари аз байн рафтани Сурия ва Ироқ, қатли садҳо ҳазор мардуми бегуноҳ дар ин кишварҳо, ҳамарӯза қатлу ғорат дар Нигерия, бесарусомонӣ дар кишвари ҳамсояи мо Афғонистон, ҷанг дар Яману Либия… ин руйхати ками кору кирдори ин маризҳои ақлонӣ мебошанд.

Хатари дигари тарафдорони салафиҳо ин хатари мафкуравӣ ба Ислом аст. Чор мазҳаби ягонаи барҳақи Ислом, ки ҳамаи масъалаҳои диннию дунёвиро аз авоили пайдо шудани мазҳабҳо то имрӯз ҳаллу фасл менамоянд ва пояи идеологию фикрии мусалмонони олам ва сипар аз ҳар як хатар ба ислом мебошанд, аз ҷониби салафиҳо инкор мешаванд. Ин дарҳам шикастани пояҳои ислом аст.

Вале Худованд ҳомии динаш ҳаст, ягон душмани дарунию берунӣ ба нияташ намерасад ва мо мусалмонон ҳам бояд ҳамеша ҳушёр бошем.

Як хатари дигари салафия-ин интишори афкори «ҷиҳодӣ»-ашон мебошад, ки зидди инсонҳои бегуноҳ содир мешавад. Ин амали қабеҳашонро бо оятҳою ҳадисҳо гӯё тафсиру ривоят мекунанд. Вале ҳамаи ин аз ҷониби душманони Ислом дурӯғи сиёсие беш нест.

Ҳар як мусалмон бояд зираку доно бошад. Вақте ки афроде аз ин гурӯҳ аз Қуръону ҳадис ҳарф мезананд, набояд бовар кард ва бар такфирашон аҳамияте набояд дод, чун афроди ин гурӯҳ танҳо дар ҳудуди якчанд ҳадису оят афкорашонро мабниъ мекунанд. Ба суханҳо ва шакли зоҳириашон фирефта нашавед. Паёмбар аз чунин мардум хабар дода, эҳзор медиҳад. Дар маънои ҳадис, ки Ҳузайфа аз Паёмбар ривоят мекунад, чунин омадааст: Паёмбар мегӯяд, ки марде Қуръонро мехонад, то ҳофизи Қуръон мешавад, вале Қуръонро ба тариқи худ тафсир карда, аз роҳи дурусти фаҳми он мебарояд ва мақсад ва мафоҳими Қуръонро аз сабаби оҷизии фаҳмаш, тағйир медиҳад, то ба такфир кардан майл мекунад ва ҳамсояашро ба мушрикӣ муттаҳам карда, бар зиддаш шамшер мекашад. Ҳузайфа аз Паёмбар мепурсад, ки кадомаш ба ширк қарибтар аст? Паёмбар дар ҷавоб мегӯяд: муттаҳамгар ба ширк қариб аст.

Ширк- ин куфр аст. Яъне аъмоли салафиҳо ва дигар ифротгароён айни куфр аст. Яъне онҳо худашон назди Худованд кофир ҳастанд.

 

Саидбаширӣ Руҳулло,

Факултаи шариат ва қонуни донишгоҳи Азҳар

 

Апрель 19, 2016 17:13

Хабарҳои дигари ин бахш

ФАРҲАНГИ ИНТИХОБОТӢ. Тавассути он интихоби бошуурона, озод, бевосита ва пинҳонӣ таъмин мешавад
МАОРИФ — СОҲАИ КАЛИДӢ. Дар Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ба ин масъала таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ такондиҳандаи рушди фарҳанги миллӣ мебошад
Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ роҳнамои таъмини амнияти миллӣ мебошад
ТАРБИЯИ ШАХСИЯТИ ИННОВАТОР – ТАҚОЗОИ ЗАМОН. Бардошт аз Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли мунтазами чормағз организмро ҷавон ва таъсири афсурдаҳолиро рафъ месозад
Барои мо Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити мураккаби ҷаҳони муосир хусусияти роҳнамоӣ дорад
ПАЁМИ МИЛЛАТИ ПОКСИРИШТ! Бардошти Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло аз дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ
Сиёсати хориҷии давлат – самти муҳими Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Нақши Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ дар гузаронидани ислоҳоти иқтисодӣ бузург мебошад
ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН. Бобоҷон Ғафуров дар асоси садҳо далели холисонаи илмӣ миллати қадимӣ, фарҳангӣ ва тамаддунофар будани тоҷиконро исбот намуд
МАРКАЗИ ОМӮЗИШИ ПАЁМҲОИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Таъсиси он имрӯз амри зарурӣ аст