Ошкор шудани қаллобӣ
Душанбе, 15.04.2016. /АМИТ «Ховар»/. 14 апрел зимни гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ- ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия, сокини 30-солаи шаҳри Турсунзодаро бо гумони даст доштан дар ҷинояти қаллобӣ дастгир намуданд.
Ба иттилои Хадамоти матбуотии Вазорати корҳои дохилӣ номбурда моҳи майи соли 2014 бо роҳи фиреб ба боварии сокини 43-солаи шаҳри Турсунзода даромада, аз ӯ барои ҷудо намудани қитъаи замин аз соҳили дарёи Қаратоғ 2000 доллари амрикоӣ гирифта, то ҳол барнагардонидааст.
Ҳамчунин муайян шуд, ки номбурда моҳи майи соли 2014 ба боварии сокинони 37 ва 53- солаи шаҳри Турсунзода даромада, аз онҳо 4000 доллари амрикоӣ гирифта, то ҳол барнагардонидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.








Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид
Тоҷикистон ва Корея ҳамкориро дар самти рақамикунонии китобдорӣ густариш медиҳанд
Мутахассисони алоқа ба мавсими сармо омодагӣ мебинанд






