Рӯзҳои фарҳангии вилояти Суғд дар ВМКБ

Апрель 6, 2016 17:43

Душанбе, 6.04.2016 /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри таъмини супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оид ба ташкил ва баргузории тантанаҳои ҷумҳуриявии ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҷаласаи навбатии Кумитаи тадорукотӣ барпо намуд.
Кумита корҳои ҳамоҳангсозиро бо мақомоти марказӣ ва маҳалӣ оид ба омодагӣ ва баргузории Рӯзҳои фарҳангии вилояти Суғд дар ВМКБ ва дар ҳамбастагӣ бо Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкили мусобиқаи ҷумҳуриявиро дар шаҳру ноҳияҳои ВМКБ ба роҳ мондааст.
Барои аз назар гузаронидани корҳои омодагӣ ва кӯмаки методӣ оид ба иҷрои супоришҳои дар боло зикршуда кормандони масъули Кумита аз 5 то 11 апрели соли ҷорӣ ба ВМКБ сафарбар карда шуданд.

Апрель 6, 2016 17:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик