Садамаи нақлиётӣ дар шаҳри Душанбе
Душанбе, 6.04. 2016 /АМИТ «Ховар»/. 4 апрели соли равон соати 19:35 дақиқа ронандаи мошини тамғаи номаълум, ҳангоми ҳаракат аз тарафи кӯчаи Зебуниссо ба самти кӯчаи Мирзобеки шаҳри Душанбе суръати воситаи нақлиётро баланд намуда, пиёдагард, сокини 49-солаи шаҳри Хуҷандро пахш намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Дар натиҷа, пиёдагард ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Тавре аз Маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, зимни гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия ронандаи мошини тамғаи «Опел-Астра», сокини 27-солаи шаҳри Душанберо ҳамчун гумонбар дар садамаи нақлиётии мазкур дастгир намуданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе






