Сафири Тоҷикистон ба Президенти Шӯрои Иттиҳоди Аврупо эътимоднома супорид
Душанбе, 16.04.2016 /АМИТ «Ховар»/. Сафири Фавқулодда ва Мухтор, Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Иттиҳоди Аврупо Эркинхон Раҳматуллозода 15 апрел эътимодномаи худро ба Президенти Шӯрои Иттиҳоди Аврупо Доналд Туск супорид.
Доналд Туск мулоқоти ахири худ бо Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар шаҳри Брюссел бо қаноатмандӣ ёдовар шуда, Сафирро ба муносибати ба ин вазифаи пурмасъул таъйин шудан табрику таҳният намуд ва ба ӯ зимни иҷрои рисолати дипломатӣ комёбиҳо таманно кард.
Дар рафти мулоқот тарафҳо ба сатҳи имрӯзаи муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба миёни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо баҳои баланд дода, зикр намуданд, ки минбаъд низ барои таҳкими робитаҳои гуногунҷабҳа иқдом хоҳанд кард. Ҳамкории муассири тарафайн дар масоили таъмини амният, мубориза бар зидди хатару таҳдидҳои муосир дар сархати ин ҳамкориҳо қарор хоҳад дошт.
Сафири навтаъйини Тоҷикистон аз нақши мусбати барномаҳои дар Тоҷикистон татбиқшавандаи Иттиҳоди Аврупо, чун БОМКА, КАДАП ва Барномаи индикативии бисёрсола ёдовар шуда, нисбат ба кӯмаки Бонки сармоягузории Аврупо, ки аз ниҳодҳои зертобеи Иттиҳод аст, ҷиҳати татбиқи пружаи муҳимтарини минтақавӣ CASA-1000 ибрози сипос намуд. Таъкид гардид, ки тавсеаи татбиқи чунин барномаҳои мутақобилан муфид ба нафъи сулҳу субот ва рушди устувор дар кулли минтақа низ хоҳад буд.
Дар охир, Эркинхон Раҳматуллозода таъкид намуд, ки мубодилаи сафарҳои расмӣ байни роҳбарони Иттиҳоди Аврупо ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати тавсеаи ҳамкориҳои мутақобилан судманди тарафҳо уфуқҳои тозаеро боз хоҳанд кард.








Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст






