Шакли бюллетени раъйпурсӣ тасдиқ гардид
Душанбе, 11.04.2016. /АМИТ «Ховар»/. Мувофиқи моддаҳои 17 ва 25-и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ шакли бюллетени раъйпурсиро тасдиқ намуд. Дар бюллетени овоздиҳӣ матни лоиҳаи Қарори ба раъйпурсӣ гузошташуда: «Оё Шумо тағйиру иловаҳоро ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул мекунед?» ва ду тарзи ҷавоб: «ҲА» ва «НЕ» чоп карда шуда, ҳамзамон дар он тартиби дуруст пур кардани ин ҳуҷҷати овоздиҳӣ дарҷ гардидааст. Ин масъала имрӯз зимни ҷаласаи навбатии Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки таҳти роҳбарии раиси Комиссия Худоёрзода Бахтиёр Тавар баргузор гардид, мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Дар ҷаласаи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ як зумра масъалаҳои муҳими омодагӣ ба баргузории раъйпурсии умумихалқӣ оид ба «Тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» муҳокима гардиданд.
Инчунин дар ҷаласаи Комиссия гузориши роҳбари дастгоҳи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ А. Додозода оид ба ҷараёни иҷрои Нақшаи тақвимии чорабиниҳои асосӣ доир ба тайёрӣ ва гузаронидани раъйпурсии умумихалқӣ оид ба «Тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» муҳокима гардида, дар ин хусус қарори дахлдор қабул шуд.
Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ ба қарори худ «Дар бораи ташкил кардани комиссияҳои ҳавзавии раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба ҳайати комиссияи ҳавзавии раъйпурсии Қурғонтеппа тағйироти дахлдор ворид намуд.
Ҳамзамон бо қарори Комиссия натиҷаҳои пешакии интихоботи миёнадаврии вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рӯзи 10 апрели соли 2016 дар ҳавзаҳои якмандатии интихоботии Фирдавсӣ № 1 ва Ҷаббор Расулов №16 баргузор гардид, эълон карда шуд.
Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ Насриддинзода Эмомали Сайфиддин ва Акрамзода Баҳодур Исмоилро ҳамчун вакилони интихобшуда аз ҳавзаҳои якмандатии интихоботии зикршуда ба қайд гирифта, ваколати онҳоро тасдиқ намуда, ба онҳо шаҳодатномаҳои вакилӣ супорид.








ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






