Шиносоии соҳибкорони Русия бо соҳаи нассоҷӣ ва дӯзандагии Тоҷикистон
Душанбе, 18.04.2016 /АМИТ «Ховар»/. Як гурӯҳи соҳибкорон ва мутахассисони соҳаи саноати сабуки Русия аз 18-ум то 23-уми апрел бо ҳадафи шиносоӣ бо корхонаҳои нассоҷиву дӯзандагии кишвар ва баррасии масоили ҳамкорӣ аз Тоҷикистон дидан мекунанд. Сафари мазкур дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи Маркази тиҷорати байналмилалӣ (МТБ) ва дар ҳамкорӣ бо ширкати таҳиякунандаи намоишгоҳҳо — “Текстилэкспо” ва оҷонси хабарии “РИА Мода” баргузор мегардад. Лоиҳаи МТБ аз ҷониби Ҳукумати Швейтсария дар чаҳорчӯбаи «Барномаи ҳамкорӣ дар соҳаи тиҷорат» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ мешавад.
Ба ҳайат соҳибони корхонаҳо, ки ба хариди риштаи пахтагин, матои трикотажӣ ва маҳсулоти дигари нассоҷиву дӯзандагӣ таваҷҷуҳ доранд, намояндагони ширкатҳои хариди яклухт ва шабакаҳои тиҷоратӣ, ки ба аутсорсинги истеҳсолотӣ алоқаманданд, намояндагони ширкатҳои фурӯши таҷҳизоти нассоҷӣ ва намояндагони ширкати “Текстилэкспо” ва оҷонси хабарии “РИА Мода” шомиланд.
Барномаи сафар аз Хуҷанд шурӯъ шуда, он ҷо ҳайати Русия бо корхонаҳои «Нассоҷи Хуҷанд», «Ортекс», «Раҳимов А.А.», «Лидер», «РБТ Тоҷикистон» ва «Фирӯз» шинос мешавад. Меҳмонон ҳамчунин дар Истаравшан аз «Ноҳид», дар Мастчоҳ аз «Олим Текстайл», дар Ёвон аз «ХИМА-Текстил» ва «Ваҳдат» ва дар шаҳри Душанбе аз «Нафиса», «Гулистон», «Ёқут-2000» дидан карда, бо ҷараёни истеҳсолот ва шароити корӣ дар корхонаҳо шинос мешаванд. Ҳамчунин мулоқот бо намояндагони вазоратҳои марбута ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар назар буда, 22 апрел вохӯрии васеи кории намояндагони соҳаи нассоҷӣ ва дӯзандагии Русия ва Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ба нақша гирифта шудааст. Сафари кории мазкур бо назардошти алоқамандии бузурги соҳибкорони Русия ба истеҳсолкунандагони Тоҷикистон, ки дар Ҳамоиши тиҷоратии Русия–Тоҷикистон-Қирғизистон дар шаҳри Маскав аз 16-уми феврали соли равон нишон дода шуд, баргузор мегардад.








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






