Шумораи осебдидагони таркиш дар Туркия ба 50 нафар наздик шуд
Душанбе, 13.04.2016. /АМИТ «Ховар»/. Шумораи осебдидагон аз таркиши мошини бо маводи тарканда муҷаҳҳаз дар шаҳри Диёрбоқири Туркия ба 47 нафар расида, як нафар ҳалок шудааст. Дар ин бора агентии «Ассошиэ́йтед Пресс» хабар медиҳад.
Аз шумораи осебдидагон 8 нафар аҳолии осоишта мебошад.
Бино ба иттилои ВАО-и ғарбӣ, ки ба манбаъ дар мақомоти қудратӣ такя мекунанд, таркиш дар қаламрави қӯшуни махсуси полис рух додааст.
Ҳамчунин 31 март дар Диёрбоқир бар асари чунин як таркиш 7 нафар ҳалок гардида, 27 каси дигар ҷароҳат бардоштаанд. Мақомот дар бораи боздошти гумонбарони таркиши моҳи март хабар доданд.








Ба ифтихори Рӯзи Президент дар деҳоти ноҳияи Ёвон чорабиниҳои сиёсию маърифатӣ баргузор мегардад
АБАРМАРДЕ, КИ ДАВЛАТРО БИНО КАРД. Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд






