Сокинони Бадахшон Рӯзи Парчами давлатиро бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил карданд

Ноябрь 24, 2026 16:20

ДУШАНБЕ, 24.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Хоруғ ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки сокинони гуногункасб роҳпаймоии идона баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  хабар доданд.

Иброз гардид, ки миллати сарфарозу тамаддунофари ориёии тоҷик аз рӯзе, ки соҳибдавлат гардид, ҳамеша соҳиби парчам буд. Аз таърихи парчамдорӣ маълум аст, ки ин нишони муқаддас ба халқ дар масири созандагӣ, ба паҳлавонон дар мусобиқаҳо ва ба ҷанговарон дар арсаи набард руҳу неруи бузург мебахшад. Бинобар ин миллатҳо мутобиқи таъриху фарҳанг ва ҷойгиршавии макони зисташон рамзу аломат ва нишонаю рангҳои гуногунро барои парчам интихоб мекарданд.

Тоҷикони дорои ғурур ва ҳувияти баланди миллӣ дар парчамҳояшон акси шеру уқобро, ки қудрату баландпарвозиро нишон медиҳад, тасвир менамуданд.

Аз ҷумла, дар парчами Куруши Кабир уқоб ҳамчун рамзи қудрату тавоноӣ нигошта шуда буд. Ливои Коваи Бузург, ки аз чарм бар нӯги найза барафрохта шуда буд, аз муборизаю фидокориҳои ниёгони сарбаланду шарифи халқи тоҷик гувоҳӣ медиҳад.

Парчами миллии серангаи халқи тоҷик масири тайкардаи миллатро дар гузашта инъикос намуда, имрӯзи пурсаодат ва ояндаи дурахшонро таҷассум менамояд. Ҳар фарди баору номус ба тоҷу ситораҳои он нигоҳ намуда, аз баландии фитрати тоҷик ва устувории давлати тоҷик ифтихори бузург мекунад. Яке аз нишонаҳои ифтихороти бузурги ин миллати соҳибтамаддун пайваста боло гардидани Парчами давлатии Тоҷикистон баробар бо парчамҳои давлатҳои дигар дар пештоқи ташкилоту созмонҳои бонуфузи ҷаҳон мебошад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 

Ноябрь 24, 2026 16:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Панҷакент Рӯзи Парчами давлатӣ бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид
24 НОЯБР — РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. Он яке аз рамзҳои асосию муқаддаси давлатдории миллӣ ба ҳисоб меравад
Аз 1 январи соли 2027 тартиби содагардонидаи гирифтани иҷозатнома барои фаъолияти таксӣ амалӣ мегардад
ҲАММАРОМИ «ДИРАФШИ КОВИЁН». Парчами давлатӣ танҳо рамз нест, балки нишони нангу номус, шараф ва ягонагии тамоми сокинони Тоҷикистон аст
Дар Душанбе таҳти унвони «Парчам – роҳнамои ояндаи босаодат» ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон хаво 24 дараҷа гарм мешавад
АЗ ДИРАФШИ КОВИЁНӢ ТО ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. Мулоҳизаҳо доир ба оини парчамдории тоҷикон дар масири таърих
Дар Ваҳдат Фестивали намоиш – фурӯши чорвои зотӣ баргузор гардид
Дар Душанбе ҳамоиши ҷавонони соҳаи геология баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад