Сиккаҳои осори таърихии тоҷикон то Туркия нарасид
Душанбе, 11.04.2016./АМИТ «Ховар»/. Кормандони дидбонгоҳи гумрукии «Майдони ҳавоӣ» аз интиқоли ғайриқонунии сиккаҳои дорои осори таърихӣ ва арзиши фарҳангӣ ба Туркия дар «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» ҷилавгирӣ намуданд.
Дафтари матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҶТ иттилоъ медиҳад, ки зимни гузаронидани чорабинии фаъолияти фаврию ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони Хадамоти гумрук дар «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» ҳолати интиқоли ғайриқонунии 11 адад сиккаи дорои осори таърихӣ ва арзиши фарҳангӣ, 44 ангуштарин, 21 гарданбанд, 8 адад дастбандҳои таърихӣ, 3 адад зеби гардан ва шикастапораҳои маснуоти заргарӣ ошкор карда шуданд.
Маснуоти заргариро соҳибкор А. Р мехост ба Туркия интиқол диҳад. Дар ин амал корманди фурудгоҳи Душанбе Қ.Р.Қ даст доштааст. Дар иртибот ба ин нисбат ба корманди фурудгоҳи шаҳри Душанбе парвандаи ҷиноӣ боз карда шуда, тафтишот идома дорад.








ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






