Сохтмони мактаби замонавӣ ва боғча дар Ёвон
Қурғонтеппа, 21.04.2016. /АМИТ «Ховар/. Дар ноҳияи Ёвон сохтмони иншоотҳои бузурги иҷтимоиву иқтисодӣ бахшида ба 25- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дорад. Тавре аз бахши меъморӣ ва шаҳрсозии ноҳия иттилоъ доданд, дар деҳаи «Даҳана»-и ҷамоати «Даҳана»-и ноҳия рӯзҳои наздик сохтмони мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ ба итмом мерасад.
Мактаб аз синфхонаҳои замонавӣ, утоқҳои корӣ барои омӯзгорон, варзишгоҳу ошхонаи замонавӣ ва китобхона иборат аст. Дар мактаби мазкур таҳсили 640 хонанда дар як баст дар назар дошта шудааст.
Хамзамон дар ин ҷамоат рӯзҳои наздик боғчаи бачагона мавриди истифода қарор мегирад.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






