Суғд: 613 нафар ба касбу забономӯзӣ фаро гирифта шуданд
Душанбе, 15.04.2016 /АМИТ «Ховар/. Як самти муҳими фаъолияти Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо касбомӯзию забономӯзӣ фаро гирифтани муҳоҷирони меҳнатӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати тиббию ҳуқуқии онҳо ва шаҳодатномакунонии малакаҳо мебошад.
Ҳоло дар миқёси вилояти Суғд 35 муассисаи таълимӣ, аз ҷумла омӯзишгоҳу литсейҳои касбӣ-техникӣ ва марказҳои таълимии калонсолон фаъолият менамоянд ва ба касбу забономӯзонӣ ба шаҳрвандон машғуланд. Ҳамзамон 26 адад таълимгоҳи хусусӣ дар шакли курсҳои кӯтоҳмуддат амал карда истодаанд.
Дар давоми семоҳаи аввали соли 2016 дар маҷмӯъ 613 нафар шаҳрвандон аз ҷониби муассисаҳои таълимии давлатию хусусӣ ҷалб гардиданд. Аз ҷумла, дар муассисаи давлатӣ 411 нафар ва муассисаи хусусӣ 202 нафар забон омӯхтанд.
Дар самти ҷалб намудани шаҳрвандон ва муҳоҷирони меҳнатӣ ба омӯзишӣ забони русӣ шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Конибодом, Истаравшан, Бӯстон, Мастчоҳ, Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов ва Шаҳристон пешсаф мебошанд.








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст






