Суарес рекордро дигар мекунад

Апрель 23, 2016 10:45

Душанбе, 23.04.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар даври 34-уми Ла лигаи Испания  ҳамлагари аргентинагии “Барселона” Луис Суарес рекорди 66-соли пеши ин Лигаро такрор кард. Ӯ дар вохӯрӣ бо дастаи “Депоративо” дар сафар ба дарвозаи мизбонон 4 гол зада, ҳаммуалифи се голи дигар шуд. Аз ӯ пештар ҳанӯз дар соли 1950 ба бозингари “Атлетико” Хосе Хункос муяссар гардидааст, ки  ба дарвозаи “Рассинг”(9:1) чор гол зада, ҳаммуаллифи се голи дигар шавад.
Суарес аз рӯи нишондиҳандаи ҳаммуаллифӣ дар Испания дар сафи пеш буда, бо кумаки ӯ ҳамдастаҳояш ба дарвозаи ҳарифон 15 тӯб задаанд. Дар зинаи дуввум Коке аз тими “Атлетико”(13) ва  Месси аз “Барселона”(12) мавқеъ гирифтаанд.
Суарес дар ҳафт вохӯрии пайдарпай бо дастаи “Депоративо” ба задани гол қодир шудааст, ки ин ҳам нишондиҳандаи рекордӣ ба ҳисоб меравад.

Апрель 23, 2016 10:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад