Таҳияи се низомномаи техникӣ аз ҷониби «Тоҷикстандарт»

Апрель 19, 2016 10:16

Душанбе, 19.04.2016/АМИТ Ховар/. Аз ҷониби Агентии «Тоҷикстандарт» ҷиҳати ҳимояи бозори истеъмолӣ лоиҳаи се низомномаи техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон-«Бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ», «Бехатарии шир ва маҳсулоти ширӣ» ва «Бехатарии гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ» таҳия гардида, баъди мувофиқа бо вазорату идораҳои марбутаи кишвар барои қабул ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шудааст.
Аз Агентии «Тоҷикстандарт» ба АМИТ Ховар иттилоъ доданд, ки дар сурати қабули ин низомномаҳои техникӣ аз сӯи Ҳукумати ҷумҳурӣ, онҳо барои таъмини бехатарии бозори истеъмолӣ ва рушди истеҳсолот, баланд бардоштани сифати маҳсулоти ватанӣ, рақобатпазирии маҳсулот дар қиёс бо маҳсулоти воридотӣ ва дастгирии соҳибкорони ватанӣ заминаи боэътимод мегузоранд.

Апрель 19, 2016 10:16

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад