Тағйиру иловаҳо ба Конститутсия -кафолати пешрафти иқтисодиву сиёсии кишвар
Душанбе, 21.04.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон (ҶДРФТ) бо кишварҳои хориҷӣ оид ба тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Тағйиру иловаҳо ба Конститутсия- кафолати пешрафти иқтисодиву сиёсии кишвар» чорабинӣ баргузор гардид.
Чорабинии мазкурро раиси раёсати Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон Сайдулло Хайруллоев ифтитоҳ намуда, зикр кард, ки тасмими ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба шароити имрӯза талаби замон буда, барои таҳкими пояҳои низоми демократии кишвар, фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда барои шаҳрвандон ва сокинони мамлакати мо кумак мекунад.
Ҳамчунин зимни чорабинӣ даъват карда шуд, ки бояд ҳар як шахс дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ фаъолона иштирок намуда, мавқеи худро дар чорабинии сиёсӣ мушаххас намояд, зеро ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи кишвар дар оянда имкон фароҳам меорад, ки пояҳои давлатдории тоҷикон боз ҳам қавитар гарданд.
Дар ин бора корманди ҶДРФТ Файзулло Тиллоев хабар дод.








3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд






