Такмили ихтисоси беш аз 70 нафар занони роҳбар
Душанбе, 30.04.2016 /АМИТ «Ховар»/. Беш аз 70 нафар занони роҳбар ва дар захираи кадрҳобудаи мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии шаҳру навоҳии кишвар дар зарфи панҷ рӯз-аз 25 то 29 апрел дар Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон курси такмили ихтисосро гузашта, соҳиби гувоҳнома гардиданд.
Машғулиятҳо бо мақсади баланд бардоштани донишу малакаи занони роҳбар ва дар захираи кадрҳобуда аз ҷониби Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти кишвар созмон дода шуд.
Дар муддати панҷ рӯз олимону коршиносон ба шунавандагон-бонувони роҳбар доир ба мавзуъҳои сиёсати гендерии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, идоракунии захираҳои инсонӣ, асосҳои ҳуқуқии муносибатҳои оилавӣ, пешгирии стресс дар фаъолияти кормандони мақомоти давлатӣ, нақши занон дар идоракунии давлатӣ лексия мубоҳисаҳо гузарониданд.
Бояд тазаккур дод, ки курси такмили ихтисос барои занони роҳбар ва дар захираи кадрҳобудаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ аз рӯи барномаи «Менеҷменти нави давлатӣ» гузаронида шуда, дар фарҷом ба шунавандагон маводҳои таълимӣ дар шакли электронӣ супорида шуд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






