Такмили Конститутсия тақозои замон аст

Апрель 29, 2016 17:27

Душанбе, 29.04.2016/АМИТ «Ховар»/. Муҳимтарин масъалаи рӯз — тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ин иртибот гузарондани раъйпурсии умумихалқӣ мавзуи асосии ҷамъомади кормандони Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор гирифт.
Таваҷҷуҳи ҳозирин ба зарурату аҳамияти тағйиру иловаҳои пешниҳодшуда дар роҳи такмили Конститутсияи кишвар, ҳамчунин аҳамияти дар сатҳи баланди сиёсию ташкилӣ гузарондани раъйпурсӣ чун зуҳуроти мустақилият ва иштироки бевоситаи шаҳрвандон дар қабули асноди тақдирсоз нигаронда шуд.
Зимни  мубодилаи судманди афкор таъкид шуд, ки  пешниҳодҳо ба Конститутсия ба дақиқ намудани  шакли идоракунӣ, такмили сохтори мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва мушаххас намудани ваколатҳои мақомоти давлатӣ; пурзӯр кардани талабот нисбат ба номзадҳо ба вазифаи Президенти мамлакат, вакилони Парлумон, аъзои Ҳукумат ва судяҳо аз нигоҳи амният ва садоқат ба Ватан; такмили расмиёти қабули қарорҳои алоҳида аз ҷониби мақомоти олии қонунгузор; танзими конститутсионии ваколатҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат; танзими фаъолияти азҳоби сиёсӣ аз нигоҳи манфиатҳои миллӣ, ҳифзи арзишҳои демократӣ ва ризоияту ҳамдигарфаҳмӣ дар ҷомеа; аз ҷиҳати мантиқӣ, таҳрирӣ ва имлоӣ  равону хонотар кардани матни Конститутсия созгор хоҳанд омад.
Дар фарҷом кормандони Хадамоти  зиддиинҳисории  назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз доштанд, ки  22 май — Рӯзи раъйпурсии умумихалқӣ  бо иштироки фаъолонаи мардуми кишвар боз як қадами устувор дар эъмори ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ гузошта мешавад.

Апрель 29, 2016 17:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
DEEPFAKE ҲАМЧУН ТАҲДИДИ НАВИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ. Назари мутахассис дар ин мавзуъ
«МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН»: Ду роҳи ҳал барои истифодабарандагони интернет
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
АМНИЯТИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН. Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар хоҷагиҳои шаҳри Ҳисор ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ин давра соҳаи обуҳавошиносӣ марҳила ба марҳила рушд намуд