Тоҷикистон истифодаи ҳавопаймоҳои бесарнишинро таҳти назорати ҷиддӣ қарор медиҳад

Апрель 6, 2016 15:30

Душанбе, 6.04.2016 /АМИТ «Ховар»/. Ҷумҳурии Тоҷикистон воридоту содирот, фурӯш, бақайдгирӣ ва истифодаи ҳавопаймоҳои бесарнишинро таҳти назорати ҷиддӣ қарор медиҳад. Дар ин росто 6 апрел вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон ба Кодекси фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид намуданд.
Мансур Умаров, муовини аввали раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии /КДАМ/ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди вакилони Парлумон гуфт, ки лоиҳаи қонуни мазкур аз ҷониби гурӯҳи кории байниидоравии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардида, ба таҳкими амнияти давлатӣ нигаронида шудааст.
Мавсуф зикр кард, ки дар шароити ҷомеаи муосир таҳдидҳо ба амнияти давлатӣ ва бехатарии ҷамъиятӣ бо истифода аз технологияҳои муосир бисёр кишварҳои ҷаҳонро ба ташвиш овардааст. Ҳавопаймоҳои бесарнишин аз ҷониби созмонҳои террористию экстремистӣ ва гуруҳҳои муташаккили ҷиноятӣ метавонанд бо максади содир намудани амалҳои террористӣ, интиқоли маводи тарканда, мухаддир ва содир намудани дигар ҷиноятҳо истифода гарданд. Бино ба таҷрибаи кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон дар ин самт, танзими истифодаи фазои ҳавоӣ вобаста ба корбурди ҳавопаймоҳои бесарнишин тақозои замон аст.
Мансур Умаров таъкид кард, тағйирот ба Кодекси фазои ҳавоии кишвар назорати давлатиро аз болои истифодаи фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳавопаймоҳои бесарнишин таъмин мекунад. Тибқи тағйирот ба Кодекси фазои ҳавоии кишвар, дастрасии ғайриқонунии шахсони бегона ба системаи авиатсионии бесарнишин маҳдуд мегардад.

Апрель 6, 2016 15:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбад
Вакилони тоҷик дар гуфтугӯи байнипарлумонӣ доир ба тақвияти қонунгузорӣ барои таъмини рушди баробарии гендерӣ иштирок намуданд
Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ доир шуд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид