Тоҷикистон ва Амрико ҷиҳати тавсеаи ҳамкории судманд табодули назар карданд

Апрель 8, 2016 09:55

Душанбе, 8.04.2016 /АМИТ «Ховар»/. Муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музафар Ҳусейнов Сафири Фавқулодда ва Мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Элизабет Миллардро ба ҳузур пазируфт.
Зимни мулоқот ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ҷонибҳо ҷиҳати тавсеаи ҳамкориҳо дар соҳаҳои барои ҳарду ҷониб судманд табодули назар карданд.

Апрель 8, 2016 09:55

Хабарҳои дигари ин бахш