«Тоҷикон дар оинаи таърих» ва «Шоҳнома»-ро мехонем!
Кӯлоб, 6.04.2016 /АМИТ «Ховар»/. Китоби «Тоҷикон дар оинаи таърих»-и Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва «Шоҳнома»-и ҳаким Абулқосим Фирдавсиро мехонем!- таҳти чунин унвонҳо бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб аксия шурӯъ гардид.
Дар ҷараёни аксия силсилаи чорабиниҳои адабиву фарҳангӣ вобаста ба шоҳасарҳои бузурги миллат -«Тоҷикон дар оинаи таърих» ва «Шоҳнома» доир гардида, фаҳмонидани мазмуну муҳтавои онҳо, хондани порчаҳои насриву назмӣ ва аҳамияти таърихии ин асарҳо дар бақои миллати тоҷик тарғиб мешаванд.
Аксияи мазкур, ки ба муносибати 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст, то моҳи сентябри соли равон идома меёбад.
Бояд гуфт, то имрӯз аксияи мазкур дар Боғи фарҳанг ва фароғатӣ Донишгоҳи давлатӣ, Коллеҷи омӯзгорӣ ва Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб роҳандозӣ карда шуд.








Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба роҳҳои пешгирии коррупсия, терроризм ва экстремизм ҳамоиш доир шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиш доир гардид
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Дар Душанбе масоили афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ баррасӣ шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Айнӣ қариб 3000 бех ниҳол шинонида шуд
ТАҶАЛЛИБАХШИ НИГИНИ ТОҶИ МИЛЛАТ. Андешаҳо дар мавриди арҷгузорӣ ба Зан-Модар
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Данғара ҷаласаи Комиссияи ҳудудӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон доир гардид
Ширкати «Париматч Тоҷикистон» ва КМВА Душанбе созишномаи ҳамкориро тамдид намуданд
Ajoyib.TV: шабакаҳои телевизионӣ ва онлайн-кинотеатрҳо дар як хизматрасонӣ
ЛИБОСИ МИЛЛӢ — ОИНАИ ФАРҲАНГ ВА ҲУВИЯТИ МИЛЛАТ. Дар Душанбе либосҳои тоҷикиро тарғиб менамоянд






