«Тоҷикстандарт»: Бо усулҳои нави муошират малакаи худро такмил диҳед

Апрель 21, 2016 16:29

Душанбе, 21.04.2016 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Маркази «Тоҷикстандарт»-и вилояти Хатлон машварати омӯзишӣ дар мавзӯи «Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид.
Мақсади ташкили ин ҳамоишро роҳбари марказ Диловар Пирназарзода чунин баён кард: «Имрӯз талаботи маънавии ҷомеаи муосир нисбат ба хизматчии давлатӣ аз муомилаи эҳтиромона бо шаҳрвандон иборат аст. Бинобар ин, машварат бештар хусусияти амалияро дар бар гирифта, иштирокдорон имконият пайдо менамоянд, ки бо усулҳои нави муоширати одилона малакаи худро такмил диҳанд».
Ҳамзамон дар машварат коршиносони соҳа усулҳои асосии одоби хизмати давлатӣ, қоидаҳои рафтори хизматчии давлатӣ ҳангоми амалӣ намудани фаъолияти хизматӣ ва ғайрихизматӣ, шаклҳои одоби муносибати хизматӣ ва ғайрихизматӣ, аҳамияти одоби муоширатро шарҳу тафсир дода, оид ба фаъолияти Комиссияи одоби марказ сухан гуфтанд.
Баргузории чунин машваратҳо татбиқи сиёсати Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Рахмонро дар маҳал дуруст амалӣ хоҳад кард,- афзуд роҳбари Марказ Диловар Пирназарзода.

Апрель 21, 2016 16:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад