Ваҳдат: Машварати дастурдиҳӣ оид ба раъйпурсӣ
Ваҳдат, 23.04.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар 10 ҷамоати шаҳраку деҳоти шаҳри Ваҳдат омодагӣ ба раъйпурии умумихалқӣ оид ба тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дорад.
Бо иштироки зиёда аз 300 нафар шаҳрвандон, котибони участкаҳои раъйпурсии ҷамоату деҳоти шаҳри Ваҳдат машварати дастурдиҳӣ доир карда шуд. Дар машварати мазкур аъзои ҳавзаи раъйпурсии шаҳри Ваҳдат ва кормандони масъули мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр вазъи омодагӣ ба раъйпурсии умумихалқиро дар участкаҳои раъйпурсӣ таҳлил намуда, барои беҳбудии кор ва ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта ба шахсони масъул дастуру супоришҳои мушаххас доданд. Ҳамчунин гурӯҳҳои корӣ дар байни аҳолии шаҳр 19 400 дона варақаҳои тарғиботӣ ва 11446 адад дастурамалҳоро оид ба райъпурсӣ тақсим намуданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






