Ваҳдати миллӣ- бақои миллат

Апрель 20, 2016 11:56

Душанбе, 20.04.2016 /АМИТ «Ховар/. Нуздаҳ сол пеш, 27 июни соли 1997 фарзанди фарзонаи миллати тоҷик, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дигар фарзандони ватанпараст, меҳандӯст ва сулҳхоҳи тоҷик баъд аз нофаҳмиҳо ва даргириҳои таҳмилӣ дар натиҷаи музокироти сулҳ ба ин кашмакашҳо хотима гузошта, “Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон”-ро имзо карданд.
Ин санади сарнавиштсоз Тоҷикистонро аз вартаи ҳалокат ва нобудӣ наҷот дод, ба миллати тоҷик рӯҳу илҳоми нав бахшида дар сарҷамъ кардани миллат, иттиҳоду ягонагии мардум нақши бебаҳо гузошт. Бо имзо шудани ин санади таърихӣ давлати соҳибистиқлоли мо ҳувият ва ҳастии хешро дубора ҳифз кард ва ба ҷаҳониён исбот намуд, ки миллати тоҷик дорои тамаддун ва фарҳанги бостонӣ буда, муҳимтарин муқаддасоти хеш Ватанро медонад.
03Сулҳи тоҷикон на танҳо давлату миллатро наҷот дод, балки дар дили насли ҷавони тоҷик умедро ба ояндаи нек, хушбахтӣ, саодат, некномӣ ва ваҳдати ногусастанӣ зинда намуд.
Бояд таъкид намоям, ки баъзе аз кишварҳои дуру наздик намехостанд дар Тоҷикистон сулҳу оромӣ бошад ва бо ҳар роҳ ба раванди сулҳ халал мерасонданд. Тавре ки маълум аст, аз нахустин қадамҳои истиқлолият доираҳои муайяни бадхоҳ бо истифода аз таҷрибаи даврони гузашта ва усулҳои озмудаи худ, бо роҳи барангехтани низоъҳои дохилӣ ва бозиҳои сиёсӣ давлати ҷавони Тоҷикистонро дучори ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гардониданд. Дар натиҷа беш аз сад ҳазор шаҳрвандони мо ҷони худро аз даст доданд, қариб як миллион нафар иҷборан хонаву дари худро тарк карда, ба кишварҳои ҳамсоя фирор намуданд. Мувофиқи ҳисобҳои нав ҷанги таҳмилӣ ба иқтисодиёти мамлакат, дар маҷмӯъ беш аз 10 миллиард доллари амрикоӣ зиёни моддӣ расонид, ки он замон 105 маротиба аз буҷети соли 1995 бештар буд. Зиёда аз 30 ҳазор хонаҳои истиқоматӣ сӯзонда шуда, садҳо биноҳою иншоотҳо, заводу фабрикаҳо, мактабҳои миёна, муассисаҳои тиббӣ, идораҳои давлатӣ ва дигар муассисаҳои зиёде харобу валангор гардиданд. Зарари маънавии ҷанг ҳадду ҳисоб надорад, зеро бар асари он даҳҳо ҳазор модарон аз фарзандонашон, даҳҳо ҳазор занон аз шавҳарашон маҳрум гардида, зиёда аз 55 ҳазор кӯдакон ятим монданд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз касби истиқлолияти давлатӣ қадамҳои нахустини худро аз рушди устувори иқтисоди миллӣ ва беҳтар кардани сатҳи зиндагии халқ дар заминаи татбиқ ва инкишофи механизмҳои иқтисоди бозорӣ оғоз намуд. Марҳилаи ибтидоии амалӣ намудани ислоҳоти иқтисодӣ бо ибтикор ва ташаббусҳои Сарвари давлатамон асосан ба ташкили асосҳои ҳуқуқии низоми нави иқтисодӣ, ташаккул ва такмили давлатдорӣ, қолабшикании тафаккури кӯҳна равона гардида буд.
07Лекин гузариш ба иқтисоди бозорӣ дар шароити басо душвор сар шуд. Дар натиҷаи канда шудани робитаҳои хоҷагидорӣ бо ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ фаъолияти корхонаҳои маҳаллӣ кохиш ёфт, сатҳи баланди бекорӣ ва таваррум ба паст шудани сатҳи зиндагонии аҳолӣ ва тезу тунд шудани мушкилоти камбизоатӣ таъсир расониданд. Дар баробари ин ноустувории сиёсӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ монеаи ҷиддӣ барои гузаронидани ислоҳот гашта, ба фазои сармоягузории кишвар халал расонд. Дар натиҷа, дар давраи аз соли 1991 то соли 1996 Маҷмӯи маҳсулоти дохилии ҷумхурӣ 3 маротиба коҳиш ёфт. Дар ин давра истеҳсоли маҷмӯи маҳсулоти кишоварзӣ қариб 2 маротиба кам гардида, таназзул дар истеҳсолоти саноатӣ беш аз 3 маротибаро ташкил дод.
Қарзҳои берунӣ ва дохилӣ босуръат афзоиш ёфта, дар бозори истеъмолӣ маводи хӯрокӣ ва молҳои аввалиндараҷаи ниёзи мардум намерасид. Бо мақсади аз ин ҳолат ҳарчи зудтар баровардани иқтисодиёти миллӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи комплексии дигаргунсозиҳои иқтисодиро барои солҳои 1995-2000» таҳия ва қабул намуд. Ин барнома ба озодкунии нархи ҳамаи молу маҳсулот ва хизматрасониҳо, озодкунии савдои хориҷӣ, вусъат додани ислоҳоти воқеии соҳаи кишоварзӣ, бахши молиявию бонкӣ, хусусигардонии моликияти давлатӣ, ташаккули заминаҳои ҳуқуқии иқтисоди бозорӣ равона гардида буд. Дар баробари ин тақсим намудани 75 ҳазор гектар замин ба мардум аз ҷумлаи чорабиниҳое буд, ки аҳолиро аз хатари гуруснагӣ раҳоӣ бахшид. Ҳамаи ин имкон дод, ки аз соли 1997 сар карда, болоравии иқтисодиёт таъмин карда шавад.

????????????????????????????????????

Дар ин замина, ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ бо нархҳои доимӣ аз соли 1997 то имрӯз қариб 4 баробар зиёд шуд.
Муваффақ гардидани суботи макроиқтисодӣ имконият дод, ки сатҳи камбизоатии аҳолӣ аз 81% соли 1999 то 35,6% дар соли 2013 ва 30% дар соли 2015 паст гардад. Тадриҷан беҳтар гардонидани сифати зиндагии мардум ва дар муддати панҷ соли оянда то 20 фоиз коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ аз ҷумлаи ҳадафҳои асосии сиёсати иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Дар ин раванд диққатро на танҳо ба коҳиши сатҳи камбизоатӣ, балки такмили шароит барои устуворгардонии раванди ташаккули табақаи миёна дода истодаем. Кӯшишҳо дар афзун гардонидани даромадҳо, мубориза зидди коррупсия, таъмини суботи сиёсию иқтисодӣ, идомаи ислоҳот дар соҳаҳою минтақаҳои кишвар идома ёфта истоданд.
Ваҳдати миллӣ дар шароити имрӯзаи ҷомеаи Тоҷикистон, хушбахтона, ба яке аз муҳимтарин рукни устуворӣ, якпорчагӣ ва кафили нигаҳдории сулҳу субот ва рушду нумӯи равандҳои демократӣ, инкишофу пешрафти иқтисодиёти кишварамон, табдил шудааст.
Мардуми тоҷик ва тамоми тоҷикистониён қадру қимати Ваҳдати миллиро хуб дарк карданд ва фаҳмиданд, ки танҳо баракати Ваҳдати миллӣ ва иродаи миллати куҳанбунёду дорои фарҳангу тамаддуни барҷастаи ҷаҳонӣ буд, ки ватани азаизамон аз мушкилтарин кашмакашҳои дохилӣ наҷот пайдо намуд ва мо тавонистем давлатдории миллиро дубора зинда кунем.
Ҳамагон шоҳид ҳастанд, ки баъд аз ба имзо расидани «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон» дар таърихи 27 июни соли 1997 ва эълон намудани ин рӯзи таърихӣ ҳамчун Рӯзи Ваҳдати миллӣ, миллати тоҷик дубора сарҷамъ шуд, табассум ва ханда дар лабони кӯдакон ва калонсолон, баъд аз чандин солҳои оворагӣ дубора ҳувайдо гардид. Истилоҳи Ваҳдати миллӣ аз ин ба баъд дар зеҳни тоҷикистониён марҳила ба марҳила ба як рукни муқаддас, фоли нек, умед ба оянда, боварӣ ва итминони хосса ба Сарвари давлат ва бақои Тоҷикистон мубаддал гашт. Баъд аз гузашти 19 соли таҳкими сулҳу субот дар ватани азизамон мо метавонем бо хотири ҷамъ ва итминони комил бигӯем, ки имрӯз Ваҳдати миллӣ ба ғояи умумимиллӣ ва муттаҳидкунандаи ҷомеаи мо мубаддал шуда, робитаи ногусастаниро байни тоҷикистониён ва роҳбарияти давлату ҳукумати кишварамон мустаҳкам намуд.
Имрӯз вақте мо дар бораи Ваҳдати миллӣ сухан мегӯем, онро на ҳамчун як шиори сиёсӣ, балки ҳамчун як зарурати воқеии миллӣ дар назар дорем, зеро дар ин марҳилаи мураккаби таърихӣ ва дар ин муҳити пурошӯби минтақавӣ таҳкими Ваҳдати миллӣ ва мӯътадил нигоҳ доштани фазои сиёсию идеологии ҷомеа барои давлатдории тоҷикон аҳамияти сарнавиштсоз пайдо намудааст.
Бешубҳа, сулҳ ва оштии миллӣ муҳимтарин дастоварди таърихи муосири халқи тоҷик, омили наҷоти миллат ва давлатдории миллии он буд. Дар натиҷаи сулҳу ваҳдат давлати мо ҳифз гашт, миллати мо аз вартаи нобудӣ наҷот ёфт, сокинони кишвари мо ба зиндагии осоишта расиданд, сохтори давлатӣ шакли комили худро гирифт ва роҳи рушди кишвар аз тарафи худи халқ интихоб ва муайян гашт.
Таҳлилҳои таърихӣ, илмӣ ва муқоисавӣ нишон медиҳанд, ки мо бо боварии том метавонем дар бораи «модели тоҷикӣ» дар расидан ба сулҳу оштии миллӣ сухан гӯем. Таҷрибаи тоҷикон дар ин самт ҳам дар доираҳои илмии дохилию байналмилалӣ ва ҳам дар доираҳои сиёсӣ расман эътироф гашта, мавриди омӯзиши васеъ қарор гирифтааст.
Ба назари мо вақти он аст, ки бо мақсади омӯзиши ҳамаҷонибаи таҷрибаи сулҳи тоҷикон ва устувор намудани Ваҳдати миллӣ, дар шаҳри Душанбе Марказ ва ё пажӯҳишгоҳи сулҳи тоҷикон таъсис дода шавад. Ин пажӯҳишгоҳ илова бар омӯхтан ва ба назарияи илмию методологӣ табдил додани таҷрибаи сулҳи тоҷикон, вазифаи нашру таълими ин таҷриба дар сатҳи миллӣ ва байналмилалиро низ ба дӯш хоҳад дошт. Боварӣ дорем, ки бинобар вазъияти ноустувори минтақа, нақши чунин пажӯҳишгоҳ дар коркард ва пешниҳоди равишҳои амалии ҳалли низоъҳо барои тамоми минтақа аҳамияти ҷиддӣ пайдо намуда, чунин ибтикор аз тарафи Созмони Милали Муттаҳид низ дастгирӣ хоҳад ёфт.
Ҳамчунин имконпазир аст, ки дар назди ин пажӯҳишгоҳ осорхонаи сулҳи тоҷикон низ ташкил шавад.
Бо мақсади барои наслҳои оянда ва олимону муҳаққиқони дохилӣ ва хориҷӣ дастрас гаштани таҷриба, санадҳо ва ҳуҷҷатҳои раванди сулҳ ва фаъолияти Комиссияи оштии миллӣ, зарур аст, ки дар пажӯҳишгоҳи сулҳ ва ё дар бойгонии давлатии Ҷуҳурии Тоҷикистон гӯшаи раванди сулҳ ташкил ва ҷамъоварӣ карда шавад, зеро ҳоло қисми асосии санаду ҳуҷҷатҳои тамоми давраҳои музокирот, фаъолияти Комиссияи оштии миллӣ ва раванди сулҳсозӣ дар ихтиёри шахсони алоҳида ва иштирокдорони ҷудогонаи ин раванд қарор дошта, эҳтимоли умуман аз байн рафтани ин хазинаи барои таърихи миллат муҳим пеш омадааст.
Имрӯз бисёр зарур аст, ки андешаи сулҳу ваҳдат ба фарҳанги насли ҷавони кишвар табдил дода шавад. Идеяи сулҳу ваҳдат як муддат ҳамчун ғояи миллӣ барои ҷомеаи мо хидмати бузург намуд. Акнун замони он аст, ки Ваҳдат маҳз дар сатҳи як зарурати ҷамъиятӣ ва зарурати фардии ҳар як шаҳрванди кишвар фаҳмида шавад. Бояд ҳар як шаҳрванди кишвар, новобаста аз миллат, дин ва ақидаи сиёсии худ дарк намояд, ки ҳам рушди ҷомеа ва ҳам амалишавии орзую манфиатҳои шахсии ӯ фақат дар сурати сулҳу ваҳдат имконпазир мебошад.
Дар ин самт барои кишварамон зарур аст, ки бо мақсади ба фарҳанги умумӣ табдил шудани андешаи сулҳу ваҳдат дар низоми таълимоти умумии худ ин арзиши муҳимро ҷорӣ намуда, насли навраси худро дар ин рӯҳия тарбият намоем.

Худобердӣ Холиқназар,
директори Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 20, 2016 11:56

Хабарҳои дигари ин бахш

САЛОМАТИИ МИЛЛАТ — БОИГАРИИ АСОСИИ ДАВЛАТ. Дар Тоҷикистон барои пешгирии бемориии гепатит чораҳои мақсаднок андешида мешаванд
ЧАРО БАСТАНИ ТАСМАИ БЕХАТАРӢ ШАРТ АСТ? Истифодаи он кафолати бехатарии ҳам ронанда ва ҳам мусофир аст
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ МЕТАЛЛУРГӢ. Барои таъмини рушди соҳа омода намудани кадрҳои баландихтисос зарур мебошад
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Он марҳилаи нави рушди ҷомеа хоҳад гашт
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Пиёзро чӣ тавр барои зимистон захира намоем?
СИЁСАТИ НИҲОЛШИНОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Яке аз сабабҳои зиёд омадани селобҳои зиёд нестшавии дарахтон дар кӯҳҳову баландиҳои назди маҳалҳои зист мебошад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли моҳӣ ба кам гардидани вазни бадан мусоидат менамояд
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК». Мулоҳизаҳои доктор ва номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ дар хусуси навгониҳо ва афзалиятҳои ҳуқуқии ин қонун
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ба таҳкими волоияти қонун мусоидат мекунад
МОҲИПАРВАРӢ АЗ ҶИҲАТИ ДАРОМАДНОКӢ ДАР ҶОЙИ АВВАЛ МЕИСТАД. Бадахшон метавонад дар парвариши гулмоҳӣ пешсаф гардад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли зиёди консерваи бодирингу помидор тавсия дода намешавад
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» василаи муҳимми густариши худшиносии миллӣ ва болоравии маърифати ҳуқуқӣ аст