Вазорати мудофиа: нақшаи баҳории даъвати ҷавонон 62 дарсад иҷро шуд
Душанбе, 21.04.2016 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз иҷрои 62 дарсади нақшаи баҳории даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ хабар дод.
Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Бино ба иттилои манбаъ дар давоми 20 рӯзи даъват ба сафи артиш иҷрои нақша дар вилояти Суғд 61%, Хатлон 72%, ВМКБ 75%-ро ташкил дод. Навоҳии тобеи марказ 57% ва чор навоҳии пойтахт 38%-и нақшаро иҷро кардаанд. Ноҳияҳои Мастчоҳ ва Истиқлоли вилояти Суғд дар аввалин рӯзҳои даъват аз иҷрои нақша хабар додаанд. Ноҳияҳои Сарбанд, Балҷувон, Носири Хусрав, Дарвоз ва шаҳри Қурғонтеппа низ нақшаро пурра иҷро кардаанд.
Ёдовар мешавем, ки даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ аз якуми апрел оғоз гардида, то охири моҳи май идома хоҳад ёфт.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






