Ворид гардидани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи ҶТ ба ташаккули ҳуқуқи шаҳрвандон нигаронида шудааст
Душанбе, 7.04.2016. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади дар сатҳи баланди сиёсӣ баргузор намудани раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарконуни) Ҷумхурии Тоҷикистон кормандони Прокуратураи шаҳри Кӯлоб дар якҷоягӣ бо дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот миёни идораву ташкилот ва сокинони маҳаллаҳои шаҳру деҳоти Кӯлоб суҳбату вохӯриҳо доир менамоянд.
Ин навбат масъулин бо кормандони Ҷамъияти шакли кушодаи Фурудгоҳи байналмиллалии Кӯлоб дар мавзӯъҳои мубрами рӯз, аз ҷумла Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, райъпурсии умумихалқӣ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, пурзӯр намудани назорат аз болои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва иҷроиши як қатор қонуну қарорҳои амалкунанда вохӯрии судманд доир намуданд.
Маърӯзачиён таъкид намуданд, ки ворид намудани тағйиру иловаҳо дар 40 банди Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон тақозои замон буда, он ба рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва ташаккули ҳуқуқи шаҳрвандон нигаронида шудааст.
Тавре ки Алишер Ташрифов, ҳуқуқшиноси Фурудгоҳи байналмиллалии Кӯлоб иброз дошт, дар ҷамъомад оид ба ҷилавгирии зуҳуроти номатлуб, пешгирии гаравидани ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, пос доштани арзишҳои миллӣ, ҳимояи марзу буми кишвар ва садоқат ба Ватан сухан ронда шуд.








Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе






