Яке аз кӯчаҳои пойтахт ба номи Сӯҳроб Шарифов гузошта шуд

Апрель 14, 2016 17:35

Душанбе, 14.04. 2016/АМИТ «Ховар»/. Кӯчаи Шаумяни пойтахт ба номи собиқ вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сиёсатшиноси шинохтаи тоҷик, шодравон  Сӯҳроб Шарифов гузошта шуд.

Дар ин хусус 14 апрел дар ҷараёни иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе вакилони шаҳрӣ қарори марбута қабул намуданд. Ин иқдом аз ҷониби вакилони Маҷлиси шаҳрӣ дар остонаи ҷашни  мавлуди Сӯҳроб Шарифов, ки ба санаи 18 апрел рост меояд, сурат гирифта, ҳадафи он қадрдонии хизматҳои шоистаи собиқ вакили Парлумон мебошад.

Бояд тазаккур дод, ки С. Шарифов моҳи январи соли 2015 дар 52- солагӣ бар асари беморӣ аз олам даргузашт. Мавсуф дар умри  кӯтоҳи худ дар вазифаҳои гуногуни давлатӣ, аз ҷумла дар дастгоҳи иҷроияи Президенти кишвар ба ҳайси Ёрдамчии Президенти ҷумҳурӣ (2003-2005), директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҷумҳурӣ (2005-2011) содиқона хизмат намуда,  муаллифи 500 мақола ва беш аз чор китоби илмӣ мебошад. То охири умраш ба ҳайси вакили палатаи поёнии Парлумони мамлакат  фаъолият мекард.

Апрель 14, 2016 17:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Тоҷикистон ва Корея ҳамкориро дар самти рақамикунонии китобдорӣ густариш медиҳанд
Мутахассисони алоқа ба мавсими сармо омодагӣ мебинанд