Ёвон: «Овози шумо дар раъйпурсӣ ҳалкунанда аст!»
Ёвон, 27.04.2016 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади дар сатҳи баланд баргузор намудани раъйпурсии умумихалқӣ дар ноҳияи Ёвон ҳавзаи раъйпурсии Ёвон №55 ва 64 учаскаи раъйпурсӣ ташкил карда шуда, онҳо барои баргузории раъйпурсӣ пурра омода гардидаанд.
Аз ҷониби Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон ба 64 участкаи раъйпурсӣ нозирони миллӣ вобаста шудаанд, ки 22 майи соли равон ҷараёни баргузории раъйпурсиро назорат менамоянд. Ҳамчунин бо ташаббуси бевоситаи КИ ҲХДТ дар ноҳия бо мақсади бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ, аз ҷониби аъзо ва намояндагони ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» ва гурӯҳи «Ҷавонони ташаббускор» дар маркази ноҳия ва ҷойҳои сераҳолӣ ҳамоиши ҳизбӣ таҳти унвони «Овози шумо дар райъпурсӣ ҳалкунанда аст» баргузор гардид. Дар он аз ҷониби ҷавонон 4000 маводи таблиғотӣ ва шиорҳои даъватӣ оид ба баргузории раъйпурсӣ ба сокинон дастрас карда шуд.
КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон чунин иқдомҳои шоистаро баҳри ширкати аҳолии ноҳия дар рӯзи раъйпурсӣ бо мақсади саҳмгузорӣ дар рушди минбаъдаи давлат, ҳифз намудани амнияту озодӣ ва осудагиву хушбахтии мардум баргузор менамояд.








Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик






