Занони соҳибкори Осиёи Марказӣ: таҷриба, мушкилот ва дурнамои инкишоф

Апрель 8, 2016 08:44

Душанбе, 8.04.2016 / АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар шаҳри Душанбе мизи мудаввар таҳти унвони «Занони соҳибкори Осиёи Марказӣ: таҷриба мушкилот ва дурнамои инкишоф» доир гардид. Лоиҳаи USAID оид ба ҳамкории минтақавии иқтисодӣ, бо дастгирии бевоситаи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҶТ ва Палатаи савдо ва саноатии Ҷумҳурии Тоҷикитсон дар ҳамкорӣ бо бизнес-Ассотсиатсияи занони Осиё ташкил шудааст.
«Мо имрӯз аз он мефахрем, ки сафи занони соҳибкор дар кишвари мо рӯз аз рӯз зиёд гашта истодааст»- изҳор дошт Сабоҳат Раҳимзода, раиси Ассотсиатсияи миллии занони соҳибкори кадбону.
«Боварии комил дорам, он тавсияҳое, ки дар ин мизи мудаввар ироа мегарданд, як такон барои рушди соҳаи соҳибкории бонувон мешавад. Дар ин ҷо барномаи хуби дигар, намоишгоҳи маҳсулоти бонувон ташкил карда шудааст, ман боварӣ дорам, ки бонувони мо барои тарақиёти иқтисоди ҷумҳурии мо кӯшишу ғайрат мекунанд ва саҳми худро мегузоранд».
Зебогул Ойматова, раиси Федератсияи гурӯҳи занони шаҳри Ваҳдат яке аз соҳибкорзани фаъол буда, дар ин конфронс иштирок дошт. Номбурда зимни баромади худ изҳор намуд.- «Ташриф овардани ман ба ин ҷо ин аст, ки ман мақсад дорам як лоиҳаро тарҳрезӣ кунам, яъне пашми гӯсфандонро коркард карда, аз онҳо болишту кӯрпаву кӯрпача омодо кунам. Имрӯз худатон шоҳид ҳастед, ки курпаҳои аз кишварҳои хориҷ оварда синтепон аст ва зарар ҳам дорад. Мо имрӯз метавонем маҳсулоти дастии худро бо кумаки ҳукумати кишвар ва Асотсиатсияи «Занони соҳибкор» пеш барем».

Ёдовар мешавем, ки дар мизи мудаввар 60 нафар занони соҳибкор аз кишварҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Афғонистон ширкат намуда, якчанд лоиҳаҳои худро матраҳ намуданд.

Апрель 8, 2016 08:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид