31 май-Рӯзи мубориза бо тамокукашӣ: аз ин одати бад даст кашед!

Май 26, 2016 08:30

Душанбе, 26.05.2016 /АМИТ «Ховар»/.  Бо ташаббуси Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ  (ТУТ) ҳамасола дар ҷаҳон 31 май ҳамчун Рӯзи байналмилалии мубориза бо тамокукашӣ таҷлил мегардад. Ҳамасола дар ҷаҳон тамоку қариб 6 млн. нафарро  ба ҳалокат мерасонад, ки ин дар маҷмӯъ назар ба фавт аз ВНМО, сил ва вараҷа зиёдтар аст.  Агар дар ин самт чораҳои фаврию якҷоя  андешида нашаванд, ин шумора то соли 2030 метавонад аз 8 млн нафар зиёдтар гардад.
Ин ва дигар масъалаҳои вобаста ба зарари тамоку зимни мулоқоти намояндагони Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар якҷоягӣ бо Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ бахшида  ба Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бар зидди тамокукашӣ бо намояндагони ВАО  баррасӣ шуд.
Бино ба гуфтаи сардори намояндагии ТУТ дар Тоҷикистон Игор Поканевич,  Конвенсияи амсилавии ТУТ оид ба муборизаи зидди тамоку 10 сол қабл ҳукми қонунӣ пайдо намуда, дар 50 мамлакати аврупоӣ тасдиқи худро ёфтааст. Тоҷикистон соли 2013 ба Конвенсияи амсилавии ТУТ ҳамроҳ гардид. Тарафҳои шартнома вазифаҳоро оид ба иҷрои уҳдадориҳои худ нисбат ба  муборизаи зидди тамоку муайян намуданд.
Бино ба гуфтаи намояндагони МД «Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим», гузаронидани чорабиниҳои иттилоотӣ, маърифатӣ ва таълимӣ дар ин самт метавонад натиҷаи хуб диҳад. Дар ин раванд саҳми ВАО назаррас хоҳад буд, зеро аз тариқи телевизион ва радио метвон ба аҳолӣ дар бораи зарари  тамоку ва оқибатҳои он маълумоти бештар дод.
Бояд гуфт, ки шахси тамокукаш на танҳо ба саломатии худ, балки наздиконаш низ таъсир хоҳад расонид. Таъсири тамоку ҳангоми ҳомиладорӣ дар давраи дохилибатнӣ метавонад эҳтимолияти мурдатаваллудкунӣ ва нуқсонҳои модарзодиро зиёд намояд.
Имсол мавзӯи Рӯзи ҷаҳонии мубориза бар зидди тамокукашӣ қуттиҳои одии диққатҷалбнакунанда мебошад. Ба  ин восита намояндагони ТУТ мехоҳанд, ки теъдоди нафарони тамокукашро камтар намоянд.
Бино ба иттилои корманди ТУТ Меҳрӣ Шоисматуллоева чунин таҷриба дар Австралия натиҷаи хуб додааст.   То 31 май ТУТ дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ як қатор чорабиниҳои маърифативу иттилоотиро дар байни аҳолӣ доир мекунад.

Май 26, 2016 08:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд