475 нафар ҷавонони шаҳри Норак бори аввал дар раъйпурсии умумихалқӣ иштирок мекунанд

Май 5, 2016 08:15

Норак, 5.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Комиссияи ҳавзавии раъйпурсии № 46- и шаҳри Норак ва гурӯҳҳои таблиғотии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо мақсади дар сатҳи баланд доир намудани раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон 72 маротиба корҳои таблиғотию фаҳмондадиҳиро дар 35 корхонаю ташкилот, 27 муассисаи таълимӣ ва 2 ҷамоат доир намуданд.
Ба иттилои раиси Комиссияи ҳавзавии раъйпурсии № 46 Раҳматулло Қосимов дар ҳудуди шаҳр 16 участкаи раъйпурсӣ таъсис дода шуда, то имрӯз 28 ҳазору 751 нафар раъйдиҳанда ба қайд гирифта шудааст ва аз ин шумора 475 нафар ҷавонон бори аввал дар раъйпурсӣ иштирок мекунанд.
Ҳамчунин барои иштироки фаъолонаи раъйдиҳандагон дар ин маъракаи сиёсӣ аз ҷониби масъулин шароити хуб фароҳам оварда шуда, корҳои фаҳмондадиҳӣ идома доранд.

Май 5, 2016 08:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад