Абдуллоҳ Абдуллоҳ: «Тоҷикистон дар тамоми арсаҳо дар паҳлуи Афғонистон буда, ба ҳайси як ҳамсояи нек он чиро ки дар тавонаш буд, дар ҳимоят аз Афғонистон дареғ надоштааст»
Душанбе, 13.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. «Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тайи ин солҳо дар тамоми арсаҳо дар паҳлуи Афғонистон буда, бидуни ягон чашмдошти сиёсӣ ба ҳайси як ҳамсояи нек он чиро, ки дар тавонашон буд, дар ҳимоят аз Афғонистон дареғ надоштааст». Ин матлабро Раиси иҷроияи Ҳукумати Ваҳдати миллии Афғонистон Абдуллоҳ Абдуллоҳ шоми дирӯз баъд аз мулоқот бо Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар назди хабарнигорони воситаҳои ахбори оммаи дохил ва хориҷи кишвар таъкид намуд.
Абдуллоҳ Абдуллоҳ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таваҷҷуҳ ва талоше, ки барои амалӣ гаштани Лоиҳаи минтақавии интиқоли неруи барқи CASA-1000 доштанд, сипосу миннатдорӣ баён намуда, изҳори боварӣ кард, ки қадами аввалине, ки дар ин росто гузошта хоҳад шуд, густурдатар бошад.
«Дар ҷараёни сафар бо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масоили ҳамкории мутақобила, минтақавӣ, ҳамкорӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ ва байналмилалӣ, инчунин дар тамоми арсаҳои равобити дуҷониба суҳбат намудем»,-гуфт ӯ.
«Чанд рӯз пеш Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ ва ман чанд моҳе қабл ба кишвари Тоҷикистон сафари расмӣ доштем. Дар тамоми мулоқот нияти ду тараф ба хотири густариши ҳамкорӣ дар тамоми арсаҳо возеҳ ва рӯшан буда, қадамҳои амалӣ дар ин росто бардошта шуданд. Заминаҳо ва созишномаҳо дар тамоми бахшҳои ҳамкорӣ вуҷуд доранд, ки имрӯз ҳам дар ҷараёни суҳбат онҳо баррасӣ гардиданд. Умедворам, ки дар муддати кутоҳ он мувофиқатномаҳое, ки сурат гирифта буданд, аз ҷумла дар бахшҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ ҳамкории техникӣ амалӣ хоҳанд шуд»,-иброз дошт Абдуллоҳ Абдуллоҳ.
Раиси иҷроияи Ҳукумати Ваҳдати миллии Афғонистон иброз намуд, ки зимни суҳбат бо Президенти кишвар масъалаи марбут ба амният ва суботи минтақаро низ баррасӣ намуданд .








Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо роҳбарияти «Caspian Energy Club» мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони ҳамкории исломӣ баррасӣ гардид
Дар Исломобод 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатӣ дар умури шаҳрдорӣ ва вазири давлатӣ дар умури маскани Кувайт мулоқот намуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Амрико баррасӣ шуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт оид ба бахши сармоягузорӣ ва сайёҳӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Австрия дар Симпозиуми байналмилалии об иштирок намуд
Дар Туркманистон нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон баргузор гардид
Ашрафҷон Гулов бо Сафири навтаъйини Амороти Муттаҳидаи Араб дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Носир Ҳувайдин Зайбон Алӣ Ал-Катбӣ мулоқот намуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи навбатии Шурои вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо фаъолияти рӯзномаи «The Times Kuwait» шинос шуд






