Ҳафтаи «Поси хотир»-и абармардони шуҷоъ дар Хучанд

Май 4, 2016 17:27

Хуҷанд, 4.05.2016 /АМИТ Ховар/. Соли равон ба ғалабаи халқи Иттиҳоди Шӯравӣ бар фашизм, ки ҳамасола 9 май чун рӯзи Ғалаба таҷлил мегардад, 71 сол пур мешавад. Аз ин лиҳоз бахшида ба ин сана ва пос доштани хотираи ин абармардони майдони ҷанг, дар манотиқи гуногуни кишварамон, минҷумла шаҳри Хуҷанд низ тӯли ҳафтаи аввали моҳи май чорабиниҳои мухталиф ва аёдати ин мардони далер доир мегардад.
Чунон ки ба АМИТ Ховар масъулин аз Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳри Хуҷанд иттилоъ доданд, соли равон тибқи дастури шаҳрдори Хуҷанд, аз ҷониби шуъбаҳои мухталифи мақомоти шаҳрӣ чорабиниҳо оид ба ташкили вохӯриҳо бо иштирокчиёни ҷанг ва ҳамзамон аёдати онҳову маъюбони барҷомонда, ҳамсарони бесаробонмонда, ҳамчунин дар ҳудуди шаҳр гузаронидани ҳафтаи «Поси хотир» ва ташкили «Қаровули фахрӣ» дар пояи ёдгории шаҳидони Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ, воқеъ дар мавзеи Панҷшанбе-и маркази шаҳр аз ҳисоби хонандагони беҳтарини мактабҳои шаҳр пешбинӣ шудааст.
Ҳамчунин дар доираи ҳафтаи мазкур чанд тан маъюбон аёдат карда шуда, ба онҳо кумакпулӣ ва маводи аввалияи хӯрокӣ супорида мешавад.
Тибқи маълумоти манбаъ, ҳоло дар шаҳри Хуҷанд 12 нафар иштирокчиёни набардҳои солҳои 1941-1945 иқомат доранд, ки синни хурдии онҳо 90 ва калониашон 96 буда, онҳо ҳамарӯза аз дастгириву кумаки Сарвари давлат ва мақомоти вилоятиву шаҳрӣ бархурдоранд.

Май 4, 2016 17:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад