Ҳамоиш: «Раъйпурсӣ-воситаи ифодаи иродаи шаҳрвандон»
Душанбе, 18.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар толори Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Раъйпурсӣ-воситаи ифодаи иродаи шаҳрвандон» ҷамъомад баргузор гардид.
Дар ҷамомад муовини якуми вазири молияи ҶТ Ҷамшед Каримзода зикр намуд, ки: «Имрӯзҳо кишвари соҳибистиқлоламон Тоҷикистон дар давраи сарнавиштсоз ва маъракаи хеле муҳими сиёсӣ қарор дорад, зеро 22 майи соли равон дар Тоҷикистон маъракаи муҳими сиёсӣ-раъйпурсии умумихалқӣ доир ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади меъёрию ҳуқуқӣ эътибори олии ҳуқуқӣ дошта, бо шарофати қабули он мардуми тоҷик дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун мардуми бунёдкор, сулҳпарвар ва фарҳангӣ муаррифӣ шудааст».
Дар ҷамъомад намояндагони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ, Суди конститутсионӣ, Вазорати адлияи ҶТ, Вазорати маориф ва илм, Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ, Маркази қонунгузорӣ, Академияи илмҳо ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Таъкид гардид, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун кафили таъмини меъёрҳои Конститутсия, масъалаи таъмини кафолати ҳифзи ҳуқуқи шаҳрванд, таъмин ва рушди ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, таъмини нафақа ва кумакпулиҳои иҷтимоӣ, инчунин дастгирии иҷтимоии табақаҳои камбизоати аҳолӣ, таъмини зиндагии шоистаи мардуми Тоҷикистонро аз афзалиятҳои асосии сиёсати давлатӣ ҳисобида, дар ин ҷода пайваста тадбирҳо меандешад. Пешниҳод гардидани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ғамхории навбатии Ҷаноби Олӣ дар самти боз ҳам беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии шаҳрвандон, ки аз кафолатҳои конститутсионӣ маншаъ мегиранд, ба ҳисоб меравад.








БАҲОРИ ГУЛРЕЗИ ТОҶИКИСТОН. Барои кишоварзон мавсими кишту кор фаро расид
НУҚТАИ НАЗАР. Ва ё нонреза ҳам нон аст
Дар шаҳри Кӯлоб 28 мавзеи осебпазир муайян гардидааст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи Кӯлоб корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба истифодаи сарфакоронаи неруи барқ идома доранд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Дар Ҷамоати деҳоти Қаратоғ озмуни «Кадбонуи беҳтарин» баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 феврал, ҷумъа, 58-умин рӯзи соли 2026 аст
Дар Рашт оид ба таҳлили вазъ ва омилҳои таҳдиди коррупсия, экстремизм ва терроризм ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
SIM ё eSIM: чаро муштариён кортҳои электрониро интихоб мекунанд






