Ҳамоиши «CASA-1000 ва дурнамои рушди ҳамкории минтақавии энергетикӣ» дар Душанбе
Душанбе, 03.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. 11 майи соли 2016 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон суҳбати «мизи мудаввар»-и «CASA-1000 ва дурнамои рушди ҳамкории минтақавии энергетикӣ» баргузор мегардад.
Дар назар аст, ки ин чорабинии сатҳи байналмилалиро Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ифтитоҳ намояд. Ҳамчунин интизор меравад, ки дар ҳамоиш намояндаи Бонки ҷаҳонӣ, муовини Дабири кулли СММ, котиби иҷроияи Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ барои кишварҳои Осиё ва Уқёнуси Ором ва намояндаи Иттиҳоди Аврупо ширкат варзанд.
Модератори (барандаи) чорабинӣ вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар он намояндаи Бонки ҷаҳонӣ оид ба лоиҳаи CASA-1000, вазири энергетика ва обтаъминкунии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, вазири иқтисоди Ҷумҳурии Қирғизистон, вазири захираҳои об ва энергетикаи Ҷумҳурии Исломии Покистон, намояндаи Бонки аврупоии таҷдид ва рушд, намояндаи Бонки исломии рушд, намояндаи Бонки аврупоии сармоягузорӣ, намояндаи Вазорати давлатии рушди байналмилалии Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ (DFID), намояндаи Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ маърӯза мекунанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






