«Андалеб»-эҳёгари суннатҳои миллӣ

Май 17, 2016 13:53

Кӯлоб, 17.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар Қасри фарҳанги шаҳри Кӯлоб бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки беш аз 500 нафар ҷавон Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб — 2016» баргузор шуд.
Дар даромадгоҳи Қасри фарҳанги шаҳри Кӯлоб намоиши ҳунарҳои мардумӣ, аз ҷумла чакандӯзӣ, бофандагӣ, кулолгарӣ, заргарӣ ва намоиши асбобҳои халқӣ ба тамошо гузошта шуданд.
Пас аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ мутобиқ ба шартҳои Фестивал-озмун аз ҷониби ҳунармандон навохтани сурудҳои халқӣ, сурудҳо дар васфи Ватан, Модар, суруди алла, намоиши либосҳои миллӣ, намоиши саҳначаҳои ҳаҷвӣ ва дар дигар бахшҳо манзури аҳли толор гардиданд.
Дар саросари ҷумҳурӣ бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фестивал-озмуни «Андалеб — 2016» дар сатҳи баланд ҷараён дорад.

Май 17, 2016 13:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад