Ҷавонон аз хатари гурӯҳҳои ифротӣ огоҳ карда мешаванд
Душанбе, 03.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Ҳафтаи равон аъзои гурӯҳи «Пешоҳанг» дар якҷоягӣ бо намояндагони мақомоти корҳои дохилӣ бо ҷавонон ва аҳли ҷамоати ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ вохӯрии судманд доир намуданд.
Мақсади вохӯрӣ баррасии масъалаҳои пешгирии шомилшавии шаҳрвандон, хусусан ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои дорои хусусияти террористиву экстремистӣ, воқиф намудани онҳо аз вазъи сиёсии ҷомеаи ҷаҳонӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ, инчунин мустаҳкам намудани робитаи милитсия бо ҷомеа мебошад.
Дар вохӯрӣ сардори Шуъбаи ВКД ҶТ дар ноҳияи А.Ҷомӣ Толибҷон Назарзода дар бораи хатару таҳдидҳои гурӯҳҳои ифротӣ, оқибати шомилшавии баъзе аз шаҳрвандони ноогоҳ ба ин гурӯҳҳо ва расидан ба қадри тинҷиву амоние, ки дар кишвари азизамон ҳукмфармост, ибрози назар намуд.
Намояндаи Вазорати корҳои дохилӣ, полковники милитсия Мансур Бухоризода дар мавзӯи нақши волидайн ва хешу наздикон дар пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро гуфт, ки падару модарон танҳо бо роҳи таълиму тарбияи дуруст, меҳру муҳаббат ва таваҷҷуҳи доимӣ нисбат ба фарзандони хеш метавонанд онҳоро аз ин зуҳуроти номатлуб эмин нигоҳ доранд. Аҳли ҷомеа нисбат ба ин мушкилӣ бояд бетараф набошанд ва нагузорад, ки нохалафе фарзандони моро ба гумроҳӣ бурда, бо фитнаву найранг барои амалисозии мақсадҳои нопоки худ истифода намоянд.
Ҷавонони аъзои гурӯҳи «Пешоҳанг» ва намояндагони аҳли ҷамоати ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ аз таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои пайвастаи Ҳукумати ҷумҳурӣ нисбат ба ҷавонону наврасон ёдовар гардида, ҷавонони кишварро барои саҳм гузоштан дар корҳои ободонию созандагии диёри хеш, илму донишомӯзӣ ва одобу рафтори наку даъват намуданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






