Баррасии ду пешниҳоди Президенти кишвар дар Парлумон

Май 10, 2016 15:53

Душанбе, 10.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Ду пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 10 май дар ҷаласаи Шӯрои палатаи поёнии Парлумони мамлакат матраҳ гардид. Ин пешниҳодҳо «Оид ба таъйин намудани Азимӣ Зафар ба вазифаи муовини раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи додани ризоият барои муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон- Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин намудани Бадридинова Раҷабмоҳ» мебошад.
Дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон ҳамзамон масъалаҳои ворид намудани тағйирот ба қарори Шӯрои палатаи поёнии Парлумони кишвар «Дар бораи пешниҳоди вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайати комиссияҳои доимии Ассамблеяи Байнипарлумонии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил», дар бораи Гурӯҳи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иттиҳоди парлумонии кишварҳои аъзои Созмони Конфронси Исломӣ, Оид ба ворид намудани тағйирот ба қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ташкили Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Маҷлиси Шӯрои Исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон, бо Палатаи намояндагони Шоҳигарии Белгия, бо Маҷлиси Миллии Давлати Кувайт, бо Маҷлиси Бузурги Миллии Ҷумҳурии Туркия баррасӣ шуда, барои додани ризоият ва тасдиқ ба ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон пешниҳод гардиданд.

Май 10, 2016 15:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад