Бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ
Душанбе, 13.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. 12 майи соли равон, соати 04:15-и субҳ ба Вазорати корҳои дохилии ҶТ хабар расид, ки дар натиҷаи боришоти зиёд ва баланд гардидани сатҳи дарёи Элок ба ҷамоатҳои деҳоти Зайнабободу шаҳраки Мирзо Турсунзодаи ноҳияи Рӯдакӣ сел омадааст.
Фавран ба маҳаллаҳои мазкур 12-адад нақлиёти оташнишонӣ, 3-адад мотопомпа ва дигар асбобу воситаҳои зарурӣ, инчунин зиёда аз 165 нафар ҳайати шахсӣ ва роҳбарикунандаи Сарраёсати Хадамоти давлатии оташнишонӣ, Раёсати ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, БДА, ШВКД-1 дар ноҳияи Рӯдакӣ сафарбар карда шуданд.
Кормандони милитсия аз тариқи нақлиёти соҳавӣ ва мотопомпаҳои обкашӣ миқдори зиёди оби ҷамъшудаи селро аз кӯчаю маҳаллаҳо ба ҷӯйбору дарёҳо кашонида, равон намуданд.
Ҳамчунин сокинони маҳаллаҳои номбурда ба воситаи нақлиёти оташнишонӣ бо оби ошомиданӣ таъмин карда шуданд.
Корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ аз тарафи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ идома доранд.
Талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.








Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






