Бозии дуҷонибаи дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Душанбе

Май 17, 2016 14:08

Душанбе, 17.05.2016/АМИТ «Ховар»/. 18 май дар шаҳри Душанбе бозии дуҷонибаи дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон баргузор мешавад.
Бояд зикр кард, ки сармураббии нави дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон Ҳаким Фузайлов бо мақсади шиносоӣ бозигарони дастаро 18 май дар шаҳри Душанбе ҷамъ меорад. Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, тими миллӣ ба ду ҳайат тақсим шуда, дар Варзишгоҳи марказии Душанбе бозии дуҷониба анҷом медиҳад. Сармураббӣ ба ин бозӣ 28 бозингар- 3 дарвозабон, 8 ҳимоятгар, 13 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагарро даъват кардааст.
Ёдовар мешавем, ки рӯзҳои 2-юм ва 7-уми июн дастаи футболи мунтахаби Тоҷикистон бозиҳои плей-оффро барои роҳ ёфтан ба сабқати гурӯҳии интихобии Ҷоми Осиё-2019 ба муқобили тими миллии Бангладеш анҷом медиҳад.
Бозии аввал 2 июн дар шаҳри Душанбе, бозии ҷавобӣ 7 июн дар Дакка барпо мегарданд.

Май 17, 2016 14:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад