Дар Бадахшон хотири иштирокдорони ҶДҶ-ро гиромӣ медоранд

Май 6, 2016 17:16

Хоруғ, 6.05. 2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар Раёсати Вазорати корҳои дохилии ВМКБ бо ширкати ҳайати шахсӣ ва собиқадорони ҷангу меҳнат бахшида ба Рӯзи Ғалаба маҷлиси тантанавӣ баргузор шуд.
Сардори Раёсати мазкур Абдулваҳҳоб Искандарзода гуфт, ки халқи тоҷик низ дар баробари дигар одамони собиқ давлати шӯравӣ барои пирӯзӣ дар ин ҷанг саҳми арзишманд гузоштанд. Наздики 300 хазор аз ҷавонмардони тоҷик ба дифои ватан рафта, аз худ каҳрамонию шуҷоати бемисл нишон дода, 57 нафари онҳо ба гирифтани унвони Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ мушараф гардиданд. Аз ВМКБ низ ба ин набард наздики 3 ҳазор ҷавонписарон фиристода шуданд, ки аз нисф бештари онҳо аз ҷанг барнагаштанд. Сол аз сол теъдоди ин ҷанговарони асил кам мегардад.
Имрӯз дар Бадахшон шоҳидони ин фоҷиаи даҳшатбори асри бист танҳо шаш нафар боқӣ мондаанд.
Раиси собиқадорони ҷангу меҳнат Мамаднасим Гавҳаров ҳозиринро бо Рӯзи Ғалаба табрик карда, аз онҳо даъват кард, ки ба қасами ёдкардаашон ба хотири дифоъ аз марзу буми кишвар ва тартибу низом дар ҷомеа ҳамеша содиқ бимонанд. Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон 5 май ҳангоми ифтитоҳи Кохи афсарон дар шаҳри Душанбе бори дигар таъкид дошт, ки кормандони ниҳодҳои қудратию низомӣ бояд бо тақозои замон барои боло бурдани сатҳи дониш, малакаву маҳорати касбии худ саъю талош намоянд. Давлату ҳукумат барои фароҳам овардани шароити маишию иҷтимоӣ тадбирҳои мушаххас менадешанд.

Май 6, 2016 17:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад