Дар Боғи Ирам бахшида ба Рӯзи ҷавонон «Шоми ҷавонӣ» доир мешавад
Душанбе, 23.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Шурӯъ аз соли 1998 то имрӯз ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 май ҳамчун Рӯзи ҷавонон таҷлил карда мешавад. Бахшида ба ин рӯз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таҷлили Рӯзи ҷавонон тасмим гирифтааст, ки барномаи фарҳангӣ- фароғатии «Шоми ҷавонӣ»-ро таҳти унвони «Ҷавонон- пайрави Пешвои миллат ва муҳофизи дастовардҳои 25- соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон!» дар муассисаи давлатии «Боғи Ирам» доир намояд.
Ба иттилои Дилноза Аҳмадзода, сардори раёсати кор бо ҷавонони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумита то имрӯз бахшида ба 20 рӯзи ҷавонон якчанд чорабинии мухталифро дар тамоми манотиқи ҷумҳурӣ баргузор намуд. Ҳамчунин баргузории барномаи фарҳангӣ- фароғатии «Шоми ҷавонӣ» дар Боғи Ирам аз 3 бахш иборат буда, дар қисмати аввал озмуни мусаввирони ҷавон, намоишҳои варзишӣ, рушди соҳаи сайёҳӣ ба нақша гирифта шудааст. Дар қисмати дуюм роҳпаймоии ҷавонон доир шуда, ниҳоят дар бахши охир дар Амфитеатр бо иштироки ҳунармандони шинохтаи ҷумҳурӣ барномаи консертӣ доир мегардад.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






