Дар Деваштич бахшида ба Рӯзи кӯдакон ва ҷашни Истиқлолият маҳфили идона доир гардид
Деваштич, 30.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 25-умин солгарди Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон аз ҷониби ТҶҶ «Созандагони Ватан»-и ноҳияи Деваштич дар муассисаи томактабии №4-и деҳаи Хуштоири Мухлони Ҷамоати деҳоти Яхтани ноҳияи Деваштич маҳфили идона баргузор шуд.
Кӯдакон бо лаҳни ширини худ шеъру таронаҳоро дар васфи Ватан, Тоҷикистон, Пешвои миллат ва Истиқлолият суруда, саҳначаҳои ҷолиби диққатро дар мавзӯъҳои «Дифои Ватан» ва «Фарди солим» намоиш доданд. Ҳар як ҷумлаву мисраи гуфта ва ҳар як назару табассумашон аз зодагони даврони хушиқболӣ дарак медод ва он инчунин нишонаи таълиму тарбияи солиму ватанпарастона дар муассиса буда, гувоҳи пиёдасозии сиёсати хирадмандонаю маорифпарварона ва ғамхоронаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Ба тарбиятгирандагони кӯдакистони мазкур туҳфаҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия тақдим карда шуданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад






