Дар ДТТ ба номи М.Осимӣ ҷашни 71-солагии Ғалабаро таҷлил карданд
Душанбе, 06.05.2016. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ бахшида ба ҷашни 71-солагии Ғалаба бо иштироки собиқадорони ҷангу меҳнат вохӯрӣ баргузор гардид.
Ректори Донишгоҳ Ҳайдар Одиназода ҳозирин ва дар симои онҳо тамоми мардуми Тоҷикистонро табрик намуда гуфт: «Ғалаба дар ин ҷанги хонумонсӯз аз дӯстию тифоқии мардуми Иттиҳоди Шӯравӣ дарак медиҳад, зеро тавре мегӯянд: «пароканда лашкар наояд ба кор».
Дар чорабинии мазкур сафири Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуда, зикр кард, ки саҳми тоҷикон дар ин ҷанг ва ақибгоҳ хеле назаррас буд.
Сипас аз номи ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба собиқадорону иштирокдорони ҶДҶ ва ҷанговарони интернатсионалист туҳфаҳои пулӣ тақдим шуданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






