Дар Душанбе «Корвони савдои Покистон» ифтитоҳ мегардад
Душанбе, 18.05.2016/АМИТ «Ховар»/. Беш аз 40 ширкати бузурги покистонӣ маҳсулоти худро дар намоишгоҳе, ки таҳти унвони «Корвони савдои Покистон» 24 май дар Душанбе баргузор мегардад, ба намоиш мегузоранд. Намоишгоҳ бо ибтикори Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сафорати Покистон дар Қазоқистон, ширкати «Eurasian Trade Events» ва дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати савдои Покистон гузаронида шуда, тавсеаи равобити иқтисодию тиҷоратӣ байни Тоҷикистону Покистон ва муаррифии молҳои Покистон аз ҳадафҳои асосии намоишгоҳ мебошад.
Дар намоишгоҳ молҳои истеҳсоли ширкатҳои Покистон, ки аз маҳсулоти нассоҷӣ, чарм, либос, масолеҳи сохтмон, молҳои варзишӣ, тиб: дорусозӣ, таҷҳизоти тиббӣ ва маҳсулоти хӯрокворӣ иборатанд, ба намоиш гузошта мешаванд.
Интизор меравад, ки дар доираи намоишгоҳ мулоқоти дуҷонибаи соҳибкорони Тоҷикистону Покистон гузаронида шуда, дар он масъалаҳои муҳими тақвияти ҳамкории мутақобилан судманди иқтисодию тиҷоратӣ ва таъсиси корхонаҳои муштарак байни ду кишвар матраҳ хоҳанд гашт.








Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






