Дар Душанбе нахустин Чемпионати Осиё оид ба бокс байни донишҷӯён баргузор мешавад

Май 4, 2016 09:40

Душанбе, 4.05.2016 /АМИТ Ховар/. Бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бори аввал дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки зиёда аз 100 варзишгар аз давлатҳои Афғонистон, Муғулистон, Эрон, Қирғизистон, Қазоқистон, Туркманистон, Таиланд, Ҷопон ва Тоҷикистон нахустин Чемпионати Осиё оид ба бокс байни донишҷўён баргузор мешавад.
Тавре ки мудири бахши таҳлилу иттилооти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҶТ Зубайдулло Маҳмадуллоев хабар дод, Чемпионати мазкур аз 1 то 9 майи соли равон дар толори варзишии Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамарӯза аз соати 16 доир мешавад.
Дирӯз, 3 май аввалин сабқати боксчиён баргузор шуд, ки дар он боксчиёни тоҷик Ф.Малахбеков дар вазни 52 кг ва Ш. Неъматуллоев дар вазни 75 кг ба рақибони худ дастболо гардида, сазовори ҷойи аввал гардиданд.
Хотиррасон менамоем, ки маросими расмии кушодашавии Чемпионати Осиё оид ба бокс байни донишҷӯён имрӯз, 4 май баргузор мешавад.

Май 4, 2016 09:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд