Дар шаҳри Норак тарзи ҳаёти солим тарғиб мешавад

Май 13, 2016 15:00

Норак, 13.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади арҷгузорӣ ба оила ва оиладорӣ, ташвиқ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим дар шаҳри Норак озмуни вилоятии фарҳангӣ-маърифатии «Зан-сарвати хонадон» баргузор шуд. Дар он оилаҳои намунавӣ муаррифӣ гардида, дар вазъияти тантанавӣ ақди никоҳи як ҷуфт оилаи ҷавон ба қайд гирифта шуд ва ба падару модарон барои кӯдакони навзодашон шаҳодатномаи таваллуд супорида шуд.
Дар чорабинӣ аз ҷониби ҳунармандони бахши фарҳанг, муҳассилини муассисаи таълимии №4 барномаи рангини фарҳангӣ бо қироати порчаҳои шеърӣ, саҳначаҳои ҳаҷвӣ, суруди алла, таронаҳо дар васфи зан-модар ва Ватани маҳбуб пешниҳод шуд.

Май 13, 2016 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад