Дарёфт ва мусодираи қариб 20 кило маводи нашъадор
Душанбе, 20.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. 19 майи соли равон дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои фаврию ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, марди 40-сола, истиқоматкунандаи деҳаи Зеҷи улусволии Ишкошим ҳамчун гумонбар дар муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор дастгир карда шуд.
Тавре ки аз Вазорати корҳои дохилии кишвар хабар доданд, номбурда дар вақти убури сарҳад дар байни деҳаҳои Шанбердӣ ва Қозидеҳ дастгир гардида, ҳангоми кофтукови шахсӣ аз борхалтааш 19 килою 790 грамм маводи нашъадори навъи ҳашиш дарёфт ва мусодира карда шуд.
Нисбат ба далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот давом дорад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад






